https://sputnik.tj/20241119/gela-shekiladze-raqobati-peshistoda-afghoniston-tayyorem-1065163789.html
Гела Шекиладзе: Ба рақобати дар пешистода бо тими Афғонистон тайёрем
Гела Шекиладзе: Ба рақобати дар пешистода бо тими Афғонистон тайёрем
Sputnik Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Афғонистон, ки рӯзи 19 ноябр баргузор мегардад, омода аст
2024-11-19T10:49+0500
2024-11-19T10:49+0500
2024-11-19T10:49+0500
дар тоҷикистон
футбол
мунтахаб
афғонистон
бозӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065163922_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_dfad669c9468c95ec40f8f5ad33e21b3.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими миллии Афғонистон, ки рӯзи 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 хонд.Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъкид кард, ки дар марҳилаи интихобӣ рақибони мунтахаби мо тақрибан дастаҳои ҳамин сатҳ хоҳанд буд.“Баъди шикаст аз Непал дастаи Афғонистон бо қувваи дучанд бо мо бозӣ мекунад. Ба рақобати дар пешистода тайёрем. Медонем, ки бозӣ осон нахоҳад буд, моро бозии душвор интизор аст. Вале фақат дар бораи ғалаба фикр мекунем ва мехоҳем, ки солро бо ғалаба ҷамъбаст намоем”, - қайд кард мутахассиси гурҷӣ.Гела Шекиладзе аз мухлисон даъват кард, мисли бозӣ бо Непал дастаи мунтахабро дастгирӣ намоянд.Бояд қайд кард, ки бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати доварони Ӯзбекистон бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Афғонистонро, доварӣ мекунанд.Довари ФИФА Аҳрол Рисқуллоеви 39-сола довари марказии рақобат хоҳад буд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Андрей Тсапенко ва Тимур Гайнуллин кӯмак мекунанд. Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон довари эҳтиётӣ таъйин шуд. Рустам Абдуллоев кори ҳайати доваронро назорат мекунад ва Фаридун Аттоев комиссари дидор интихоб гардид.Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзи 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад.Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона бар Непал бо ҳисоби 4 бар 0 зафар ёфт. Афғонистон дар бозии аввали дӯстона аз Непал бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрда буд.
https://sputnik.tj/20240827/sitoraho-futbol-shou-biznes-megafon-football-day-omodagi-1064086897.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065163922_0:0:1428:1071_1920x0_80_0_0_fc402c91ea63304adf0ea3e4960e5463.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мунтахаб, футбол, рақобат, гела шекелидзе, рақобат, афғонистон, даста мунтахаб
тоҷикистон, мунтахаб, футбол, рақобат, гела шекелидзе, рақобат, афғонистон, даста мунтахаб
Гела Шекиладзе: Ба рақобати дар пешистода бо тими Афғонистон тайёрем
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Афғонистон, ки рӯзи 19 ноябр баргузор мегардад, омода аст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими миллии Афғонистон, ки рӯзи 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 хонд.
"Бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Непал ва Афғонистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2027 мебошад, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мешавад”, - гуфт Гела Шекиладзе.
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъкид кард, ки дар марҳилаи интихобӣ рақибони мунтахаби мо тақрибан дастаҳои ҳамин сатҳ хоҳанд буд.
“Баъди шикаст аз Непал дастаи Афғонистон бо қувваи дучанд бо мо бозӣ мекунад. Ба рақобати дар пешистода тайёрем. Медонем, ки бозӣ осон нахоҳад буд, моро бозии душвор интизор аст. Вале фақат дар бораи ғалаба фикр мекунем ва мехоҳем, ки солро бо ғалаба ҷамъбаст намоем”, - қайд кард мутахассиси гурҷӣ.
Гела Шекиладзе аз мухлисон даъват кард, мисли бозӣ бо Непал дастаи мунтахабро дастгирӣ намоянд.
“Мо ба дастгирии мухлисонамон умед мебандем. Дар варзишгоҳ ҳузур доштани онҳо ба мо қувваи иловагӣ мебахшад”, гуфт ӯ.
Бояд қайд кард, ки бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати доварони Ӯзбекистон бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Афғонистонро, доварӣ мекунанд.
Довари ФИФА Аҳрол Рисқуллоеви 39-сола довари марказии рақобат хоҳад буд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Андрей Тсапенко ва Тимур Гайнуллин кӯмак мекунанд. Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон довари эҳтиётӣ таъйин шуд. Рустам Абдуллоев кори ҳайати доваронро назорат мекунад ва Фаридун Аттоев комиссари дидор интихоб гардид.
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзи 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона бар Непал бо ҳисоби 4 бар 0 зафар ёфт. Афғонистон дар бозии аввали дӯстона аз Непал бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрда буд.