https://sputnik.tj/20241117/eron-doktrinaho-hastai-nizomi-taghir-parlumon-1065145920.html
Эрон бояд доктринаҳои ҳастаӣ ва низомияшро тағир диҳад, гуфтанд дар парлумон
Эрон бояд доктринаҳои ҳастаӣ ва низомияшро тағир диҳад, гуфтанд дар парлумон
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вакил, то замоне, ки Эрон ва Исроил силоҳи мутаносиби қудратро надошта бошанд, тавозуни нерӯҳо дар минтақаи Ховари Миёна барқарор нахоҳад шуд
2024-11-17T15:27+0500
2024-11-17T15:27+0500
2024-11-17T23:49+0500
эрон
дар ҷаҳон
ҳастаӣ
вакил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062509160_0:0:3526:1984_1920x0_80_0_0_31cd6eba98645b846024dcaece7b5523.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik.Эрон бояд доктринаҳои ҳастаӣ ва низомии худро тағир дода, бомби атомиро озмоиш кунад. Дар ин бора Аҳмад Нодирӣ, узви порлумони Эрон дар пайи ноустувории мувозинат дар минтақа изҳор доштааст."Ман дар як суханронӣ дар ҷаласаи собиқ вакилони порлумон пас аз марги (Дабири кулли ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон) Ҳасан Насруллоҳ зарурати тағир додани доктринаи ҳастаиро баён доштам ва баъд аз он ман мусоҳибаву твитҳои зиёде доштам",- навиштаас ILNA аз қавли Нодирӣ.Вакил бовар дорад, ки Эрон бояд ба роҳи тағир додани доктринаҳои ҳастаӣ биравад, чун чораи дигаре надорад, зеро мувозинат дар минтақа ноустувор аст.Ба гуфтаи ӯ, то замоне, ки Эрон ва Исроил силоҳи мутаносиби қудратро надошта бошанд, тавозуни нерӯҳо дар минтақаи Ховари Миёна барқарор нахоҳад шуд.Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Рафаэл Гроссӣ-раиси МАГАТЭ аз Эрон дидан кард. Ҳадафи сафари ӯ музокира бо раҳбарияти ин кишвар ва бозрасии таъсисоти барномаҳои ҳастаии Эрон дар Фордо ва Натанз барои тасмими баъдӣ дар мавриди иҷрои БАРҶОМ будааст.Масъуд Пизешкиён, раиси ҷумҳури Эрон, дар музокирот бо Гроссӣ гуфт, ки Теҳрон силоҳи ҳастаӣ наофаридааст ва нахоҳад кард. Дар соли 2015 Бритониё, Олмон, Чин, Русия, ИМА, Фаронса ва Эрон ба як тавофуқи ҳастаӣ - Нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амал (БАРҶОМ), ки лағви таҳримҳо дар ивази маҳдудиятҳои барномаи ҳастаии Эронро дар бар мегирифт, ворид карданд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, таҳти раёсати Доналд Трамп, дар моҳи майи соли 2018 аз БАРҶОМ хориҷ шуд ва таҳримҳо алайҳи Теҳронро барқарор кард. Дар посух, Эрон эълом кард, ки тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби ин тавофуқро тадриҷан коҳиш дода, аз маҳдудиятҳо дар пажӯҳишҳои ҳастаӣ, сентрифугаҳо ва мизони ғанисозии уран даст кашид.
https://sputnik.tj/20241116/rasonaho-oshkor-tramp-eronro-sozish-hastai-majbur-1065142980.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062509160_428:0:3157:2047_1920x0_80_0_0_f568035620311112ca7287968b323fdc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон доктрина ҳастаӣ низомӣ тағир парлумон
эрон доктрина ҳастаӣ низомӣ тағир парлумон
Эрон бояд доктринаҳои ҳастаӣ ва низомияшро тағир диҳад, гуфтанд дар парлумон
15:27 17.11.2024 (Навсозишуда: 23:49 17.11.2024) Ба гуфтаи вакил, то замоне, ки Эрон ва Исроил силоҳи мутаносиби қудратро надошта бошанд, тавозуни нерӯҳо дар минтақаи Ховари Миёна барқарор нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik.Эрон бояд доктринаҳои ҳастаӣ ва низомии худро тағир дода, бомби атомиро озмоиш кунад.
Дар ин бора Аҳмад Нодирӣ, узви порлумони Эрон дар пайи ноустувории мувозинат дар минтақа изҳор доштааст.
"Ман дар як суханронӣ дар ҷаласаи собиқ вакилони порлумон пас аз марги (Дабири кулли ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон) Ҳасан Насруллоҳ зарурати тағир додани доктринаи ҳастаиро баён доштам ва баъд аз он ман мусоҳибаву твитҳои зиёде доштам",- навиштаас ILNA аз қавли Нодирӣ.
Вакил бовар дорад, ки Эрон бояд ба роҳи тағир додани доктринаҳои ҳастаӣ биравад, чун чораи дигаре надорад, зеро мувозинат дар минтақа ноустувор аст.
Ба гуфтаи ӯ, то замоне, ки Эрон ва Исроил силоҳи мутаносиби қудратро надошта бошанд, тавозуни нерӯҳо дар минтақаи Ховари Миёна барқарор нахоҳад шуд.
"Исроил шумораи номаълуми кулоҳакҳои ҳастаӣ дорад, ки метавонад дар ҳар ҷое, ки мехоҳад, ҳар вақт партоб кунад, бинобар ин, ҳеҷ асосе нест, ки мо бе силоҳи қувваи баробар ба силоҳи душман бимонем, бинобар ин мо бояд ба сӯи эҷоди онҳо ҳаракат кунем ... Ин танҳо андешаи ман нест, андешаи мардуми Эрон ҳам аст...”,- афзуд Нодирӣ.
Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Рафаэл Гроссӣ-раиси МАГАТЭ аз Эрон дидан кард. Ҳадафи сафари ӯ музокира бо раҳбарияти ин кишвар ва бозрасии таъсисоти барномаҳои ҳастаии Эрон дар Фордо ва Натанз барои тасмими баъдӣ дар мавриди иҷрои БАРҶОМ будааст.
Масъуд Пизешкиён, раиси ҷумҳури Эрон, дар музокирот бо Гроссӣ гуфт, ки Теҳрон силоҳи ҳастаӣ наофаридааст ва нахоҳад кард.
Дар соли 2015 Бритониё, Олмон, Чин, Русия, ИМА, Фаронса ва Эрон ба як тавофуқи ҳастаӣ - Нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амал (БАРҶОМ), ки лағви таҳримҳо дар ивази маҳдудиятҳои барномаи ҳастаии Эронро дар бар мегирифт, ворид карданд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, таҳти раёсати Доналд Трамп, дар моҳи майи соли 2018 аз БАРҶОМ хориҷ шуд ва таҳримҳо алайҳи Теҳронро барқарор кард.
Дар посух, Эрон эълом кард, ки тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби ин тавофуқро тадриҷан коҳиш дода, аз маҳдудиятҳо дар пажӯҳишҳои ҳастаӣ, сентрифугаҳо ва мизони ғанисозии уран даст кашид.