Мақомоти Эрон даст доштани дар таъсиси клиникаҳо барои дармони "ҳиҷобзудоӣ"-ро рад кард

© AP / Ebrahim NorooziЖенщины в хиджабе. Иллюстративное фото
Женщины в хиджабе. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи раҳбари созмони давлатии кор бо занон ва оилаи Эрон, пӯшидани ҳиҷоб як масъалаи тарбиявӣ аст, ки бояд дар дохили хонавода ҳал шавад
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Мақомоти Эрон даст доштани худро дар таъсиси клиникаҳо барои онҳое, ки намехоҳанд ҳиҷоб пӯшанд, рад кард.
Қаблан дар як қатор расонаҳои хориҷӣ маълумот дар бораи таъсиси чунин муассисаҳои тиббӣ нашр шуда буд.
"Ин масъала ба ҳукумат рабте надорад. Таъсиси чунин дармонгоҳ аз ҷониби Девони вазирон иҷоза нашудааст", - гуфт раҳбари созмони давлатии кор бо занон ва оилаи Эрон Зӯҳро Беҳруззар ба ILNA.
Вай таъкид кард, ки пӯшидани ҳиҷоб як масъалаи тарбиявӣ аст, ки бояд дар дохили хонавода ҳал шавад.
"Мо, албатта, омодаем, ки ба оилаҳо кӯмак кунем, ки фарзандони худро ба интихоби дуруст бовар кунонанд, аммо мо ҳеҷ гоҳ ин масъаларо ин тавр баррасӣ накардаем",- гуфт мансабдор.
Ба ақидаи ӯ, чунин бархӯрд Ислом ва асли "Амр бар маъруф ва наҳй аз мункар"-ро паст мезанад.
Озар гуфт, умедвор аст, ки ин масъала "ба таври муассир, ки эҳтиром ба шаъну шарафи зан ва созгор бо дидгоҳи исломӣ аст" ҳал хоҳад шуд.
Женщины в хиджабах, Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Сахттар кардани ҷазо барои напӯшидани ҳиҷоб дар Эрон
Қаблан дар бораи нақшаи ифтитоҳи як клиникаи махсус дар Теҳрон барои "табобати илмӣ ва равонӣ"-и заноне, ки аз пӯшидани ҳиҷоб сарпечӣ мекунанд, хабар дода шуда буд.
Дар айни замон, ба гуфтаи ӯ, ин мушкилот метавонад минбаъд дар сатҳи олӣ аз ҷониби Шӯрои олии фарҳанги Эрон баррасӣ карда шавад.
Дар бораи таъсиси чунин як ниҳод раиси бахши кор бо занон ва оилаи Ниҳоди амр бар маъруф ва наҳй аз мункари Теҳрон Толиби Даристонӣ хабар додааст.
Тавре Iran International қайд мекунад, дафтари Даристонӣ бахше аз дафтари таблиғи амр бар маъруф ва наҳй аз мункари Эрон аст, ки мустақиман ба раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ итоат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0