https://sputnik.tj/20230821/jazo-napushidan-hijob-eron-1058957386.html
Сахттар кардани ҷазо барои напӯшидани ҳиҷоб дар Эрон
Сахттар кардани ҷазо барои напӯшидани ҳиҷоб дар Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси қонунҳои феълии Эрон, барои бонувоне, ки аз пӯшидани ҳиҷоб саркашӣ мекунанд, аз 10 рӯз то 2 моҳи ҳабс ва ё ҷарима пешбинӣ шудааст
2023-08-21T15:55+0500
2023-08-21T15:55+0500
2023-08-21T19:19+0500
дар ҷаҳон
фарҳанг
ҳиҷоб
пӯшок
пулис
ахлоқ
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/09/1056331925_0:320:3071:2048_1920x0_80_0_0_c7e23d3c586d76e425e755a8bb92999d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Кумиссиюни порлумони Эрон муҷозоти шадидтар барои нақзи қонуни ҳиҷобро тасвиб кард, иттилоъ доданд расонаҳои маҳаллии ин кишвар. Бар асоси гузоришҳои нашршуда, қонуни нав ба Шӯрои посдорони Конститутсия, ки як ниҳоди назоратии иборат аз рӯҳониёни муҳофизакор мебошад, пешниҳод хоҳад шуд. Ҳамин тавр, чораҳои ҷадиду ҷазоҳои нав ҳам шахсони машҳур ва ҳам ширкатҳоро интизоранд. Дар баробари ин муқаррар шудааст, ки зеҳни сунъӣ дар муайян кардани вайронкунандагони қоидаҳои либос истифода хоҳад шуд. Бар асоси қонуни феълии Эрон, барои напӯшидани ҳиҷоб аз 10 рӯз то 2 моҳи зиндон ва ё аз 50 то 500 ҳазор риёли эронӣ (1 то 10 евро) ҷарима пешбинӣ гардидааст. Аммо дар бастаи ҷадиди қонун муҷозот дар шакли зиндон ба муҳлати аз 5 то 10 сол ва ҳамчунин ҷарима дар ҳаҷми то 360 млн риёли эронӣ (7,8 ҳазор евро) пешниҳод гардидаст. Ёдовар мешавем, ки ташдиди қонунгузорӣ посухи раҳбарияти Эрон ба эътирозҳои соли 2022 буд. Сабаби ба амал омадани он марги Маҳсо Аминии 22-сола аз сӯи пулиси ахлоқ будааст, ки барои нодуруст пӯшидани ҳиҷоб боздошт шудааст.
https://sputnik.tj/20230409/eron-nazorat-zanon-behijob-kamerahoi-nasb-1056333125.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/09/1056331925_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_2fd71e1567d851a0fd3e93b8fedbeed2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷазо, напӯшидан, ҳиҷоб, сахттар, қонун, эрон
ҷазо, напӯшидан, ҳиҷоб, сахттар, қонун, эрон
Сахттар кардани ҷазо барои напӯшидани ҳиҷоб дар Эрон
15:55 21.08.2023 (Навсозишуда: 19:19 21.08.2023) Бар асоси қонунҳои феълии Эрон, барои бонувоне, ки аз пӯшидани ҳиҷоб саркашӣ мекунанд, аз 10 рӯз то 2 моҳи ҳабс ва ё ҷарима пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Кумиссиюни порлумони Эрон муҷозоти шадидтар барои нақзи қонуни ҳиҷобро тасвиб кард, иттилоъ доданд расонаҳои маҳаллии ин кишвар.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, қонуни нав ба Шӯрои посдорони Конститутсия, ки як ниҳоди назоратии иборат аз рӯҳониёни муҳофизакор мебошад, пешниҳод хоҳад шуд.
"Лоиҳаи қонун аз 70 модда иборат буда, барои заноне, ки аз пӯшидани ҳиҷоб саркашӣ мекунанд, ҷаримаи хеле калонтар ва мӯҳлатҳои тӯлонитари зиндонро дар назар дорад", - таъкид кард манбаъ.
Ҳамин тавр, чораҳои ҷадиду ҷазоҳои нав ҳам шахсони машҳур ва ҳам ширкатҳоро интизоранд.
Дар баробари ин муқаррар шудааст, ки зеҳни сунъӣ дар муайян кардани вайронкунандагони қоидаҳои либос истифода хоҳад шуд.
Бар асоси қонуни феълии Эрон, барои напӯшидани ҳиҷоб аз 10 рӯз то 2 моҳи зиндон ва ё аз 50 то 500 ҳазор риёли эронӣ (1 то 10 евро) ҷарима пешбинӣ гардидааст.
Аммо дар бастаи ҷадиди қонун муҷозот дар шакли зиндон ба муҳлати аз 5 то 10 сол ва ҳамчунин ҷарима дар ҳаҷми то 360 млн риёли эронӣ (7,8 ҳазор евро) пешниҳод гардидаст.
Ёдовар мешавем, ки ташдиди қонунгузорӣ посухи раҳбарияти Эрон ба эътирозҳои соли 2022 буд. Сабаби ба амал омадани он марги Маҳсо Аминии 22-сола аз сӯи пулиси ахлоқ будааст, ки барои нодуруст пӯшидани ҳиҷоб боздошт шудааст.