Корея ба Тоҷикистон дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ кумак мекунад

© Sputnik / Максим БлиновНефтяная качалка. Иллюстративное фото
Нефтяная качалка. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2024
Обуна шудан
Коршиносону мутахассисони Тоҷикистону Корея таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик дар мулоқот бо сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода таъкид кард, ки кишвараш омодааст ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ бо Саридораи геологияи ба роҳ монад.
Дар ҳамин ҳол, Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҳамкории Тоҷикистону Кореяро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду давлат мебошад.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ мизи мудаввар бо иштироки коршиносону мутахассисони ҳарду ҷониб доир намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои фаровони табиӣ, бахусус об ва канданиҳои фоиданок мебошад.
Встреча Председателя Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Султона Раҳимзоды с делегацией Южной Кореи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2024
Ширкати кореягӣ дар Данғара корхонаҳои истеҳсоли пластинаҳои офтобӣ месозад
Тавре чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, дар ҷумҳурӣ 800 кони маъданҳои фоиданок, металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам, ванадий ва дигар маъданҳои нодир кашф ва барои аз худ намудан қисман омода карда шудааст.
Аз ин шумора алҳол дар конҳое, ки мавриди истифодабарӣ қарор доранд, зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад.
Дар баробари захираҳои маъдании комилан зарур, истихроҷи сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, ҳамчунин, намаки сангӣ дурнамои хуб дорад.
Қобили қайд аст, ки захираҳои тахминии намаки ошӣ дар Тоҷикистон беш аз 72 миллиард тоннаро ташкил медиҳанд, ки барои зиёда аз 300 сол таъмин намудани талаботи истеъмолии тамоми сокинони сайёра ба ин намуди маҳсулот басанда мебошанд.
Истифодаи самараноки имкониятҳое, ки дар бахшҳои зикргардида мавҷуданд, ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷалби сармояро тақозо менамояд.
Лентаи хабарҳо
0