“Бонки шӯхӣ” бо кӣ шӯхӣ мекунад? – шарҳи Бонки миллӣ

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2024
Обуна шудан
Бонки миллӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостори эҳтиёт ҳангоми додугирифтҳои пулӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Аз чанде ба ин сӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз фирефта шудани тариқи банкнот ё пулҳои шӯхӣ шикоят мекунанд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи ин падида ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки чунин банкнотҳо, нахуст, пул ҳисоб намешаванд, чун дар онҳо навишта шудааст, ки “Бонки шӯхӣ”.
“Чунин банкнотҳои рамзӣ, намодин ё шӯхиро наметавон ба пулҳои ҷаълӣ рабт дод, зеро дар онҳо ба сароҳат навишта шудааст, ки инҳо пул нестанд. Дар тамоми дунё чунин таҷриба ҳаст, доллару еврову рубл ва ҳар пули дигарро низ чунин мекунанд, чизе ба монанди “сюрприз”, яъне ғайриқонунӣ нест. Агар ғайриқонунӣ мебуд, “Бонки шӯхӣ” наменавиштанд”, - гуфт манбаъ.
Тайи рӯзҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш мешаванд, ки дар онҳо, бахусус, дӯкондорону фурӯшандагон ва таксиронҳо аз гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон аз фирефта шудани худ бо “пулҳои шӯхӣ” шикоят мекунанд.
Дар ин банкнотҳо, ки нусхаи пулҳои миллии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ҳастанд, ба сароҳат навиштаҷоти “Чиптаи Бонки Шӯхӣ” ё “This note is not a legal tender” (Ин банкнот воситаи пардохти қонунӣ нест) навишта шудааст. Аммо афроди номаълум муваффақ шудаанд онҳоро мавриди истифода қарор диҳанд.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2024
Ба сифату аслияти пули миллӣ эътибор диҳед: Нигаронии БМТ аз истифодаи пулҳои қалбакӣ
Манбаъи мо дар Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, агарчи чопи чунин банкнотҳои намодин ё шӯхӣ ғайриқонунӣ нест, аммо истифодаи онҳо ғайриқонунӣ аст ва афроде, ки онҳоро дар муомилоти пулӣ истифода мекунанд, ҷазо дода мешаванд.
Аз ин хотир, Бонки миллии Тоҷикистон бо пашхи як изҳорот ба шаҳрвандони кишвар ихтор додааст, ки аз истифодаи чунин банкнотҳо дар додугирифтҳои пулӣ худдорӣ кунанд, аз сӯи дигар, онҳое, ки пулро мегиранд, низ мутаваҷҷеҳи ҷаълӣ ё асл будани он бошанд.
Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ин гуна банкнотҳои намодин ё чиптаҳо аз рӯи хусусиятҳои визуалӣ, аз қабили андоза, ранг ва тасвирҳо ба пули миллӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, ба ҳеҷ ваҷҳ дорои унсурҳои ҳимоявии маъмулӣ, ба монанди нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, кинеграмма, унсури чопии зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, нишона барои нобиноён ва дигар технологияҳои ҳимоявӣ нестанд.
“Барои пешгирии ҳолати мазкур муҳим аст, то шаҳрвандон бидонанд, ки зимни доду гирифт бо пули нақд бояд ба нишонаҳои ҳимоявии пули миллӣ - сомонӣ диққат дода шавад”, - омадааст дар изҳороти ин ниҳод.
Деньги, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2024
Пешгирӣ аз гардиши доллару сомониҳои қалбакӣ дар Душанбе
Таъмини устувории низоми бонкии давлат ва тақвияти эътимоди мардум ба пули миллӣ яке аз вазифаҳои бонкҳои марказӣ маҳсуб меёбад. Аммо бо вуҷуди талошу кӯшишҳои пайваста, ки баҳри таъмини суботи молиявӣ анҷом дода мешаванд, яке аз масъалаҳои доғи низоми молиявӣ барориш ва гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот мебошад.
Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон ё асъори хориҷӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар ҷиноят дониста мешавад.
Лентаи хабарҳо
0