https://sputnik.tj/20240701/peshgiri-gardishi-dollar-somoni-qalbaki-dushanbe-1063392463.html
Пешгирӣ аз гардиши доллару сомониҳои қалбакӣ дар Душанбе
Пешгирӣ аз гардиши доллару сомониҳои қалбакӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон ахиран ду нафаре боздошт шуд, ки ба сохту вориди пулҳои қалбакӣ аз ҷумла доллари ИМА ва сомонӣ машғул буданд
2024-07-01T13:29+0500
2024-07-01T13:29+0500
2024-07-18T11:42+0500
дар тоҷикистон
пул
қалбакӣ
доллар
сомонӣ
боздошт
душанбе
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102284/99/1022849987_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_226a7269ca507a7d75bc927a517f574f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Пулиси шаҳри Душанбе сокини 27 солаи пойтахтро боздошт намудааст, ки барои ба муомилот баровардани асъори қалбакии доллари амрикоӣ гумонбар дониста мешавад.Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе номбурда асъори қалбакии доллари амрикоиро тавассути як нафар ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт онро ба муомилот баровардааст.Пулиси Душанбе қайд кардааст, ки баъди дастгир гардидан, зимни кофтуков аз ҷайби номбурда 21-адад пулҳои коғазии 100-доллараи қалбакӣ дарёфту мусодира карда шуданд.Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Ҳамчунин чанде пеш пулиси шаҳри Душнабе аз боздошти марди 51 сола хабар дод, ки ба сохтан, тайёр ва ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ – сомонӣ гумонбар дониста мешавад.Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин шахс қаблан 3-маротиба суд шуда, беш аз 25-соли умри худро дар маҳбас сипарӣ карда бошад ҳам, вале хулосаи зарурӣ набароварда, ба чунин ҷинояти махсусан вазнин даст задааст.Ҳоло нисбати мард низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ ҳоло ба ҳабс гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220807/muomilot-dollar-evro-qalbaki-bozdosht-1050552321.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102284/99/1022849987_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d9d78d1705633274b3f3af0cb0e48044.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, доллар, сомонт, қалбакӣ, вкд, пешгирӣ, пул, боздошт, душанбе
тоҷикистон, доллар, сомонт, қалбакӣ, вкд, пешгирӣ, пул, боздошт, душанбе
Пешгирӣ аз гардиши доллару сомониҳои қалбакӣ дар Душанбе
13:29 01.07.2024 (Навсозишуда: 11:42 18.07.2024) Дар пойтахти Тоҷикистон ахиран ду нафаре боздошт шуд, ки ба сохту вориди пулҳои қалбакӣ аз ҷумла доллари ИМА ва сомонӣ машғул буданд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Пулиси шаҳри Душанбе сокини 27 солаи пойтахтро боздошт намудааст, ки барои ба муомилот баровардани асъори қалбакии доллари амрикоӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе номбурда асъори қалбакии доллари амрикоиро тавассути як нафар ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт онро ба муомилот баровардааст.
“Гумонбаршаванда бар ивази маблағи қарз ба як нафар ҷавони сокини пойтахт 11-адад пули коғазии 100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст”, - таъкид намудааст манбаъ.
Пулиси Душанбе қайд кардааст, ки баъди дастгир гардидан, зимни кофтуков аз ҷайби номбурда 21-адад пулҳои коғазии 100-доллараи қалбакӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамчунин чанде пеш пулиси шаҳри Душнабе аз боздошти марди 51 сола хабар дод, ки ба сохтан, тайёр ва ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ – сомонӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин шахс қаблан 3-маротиба суд шуда, беш аз 25-соли умри худро дар маҳбас сипарӣ карда бошад ҳам, вале хулосаи зарурӣ набароварда, ба чунин ҷинояти махсусан вазнин даст задааст.
Ҳоло нисбати мард низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ ҳоло ба ҳабс гирифта шудааст.