https://sputnik.tj/20241115/tojikiston-nerugohhoi-bodi-oftobi-ziyod-meshavand-1065130087.html
Дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ зиёд мешаванд
Дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ зиёд мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетикаи Тоҷикистон гуфт, ки дар кишвар дар ду соли оянда сохтмони нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ бо иқтидори 1500 мегавад ба нақша гирифта шудааст
2024-11-15T13:11+0500
2024-11-15T13:11+0500
2024-11-15T13:47+0500
дар тоҷикистон
барқ
нерӯгоҳи офтобӣ
далер ҷумъа
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0f/1065132090_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_59f49cd85b80e8b1b6c5fa9dd28b9529.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Давоми 24 моҳи баъди дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори 1500 мегаватт бунёд карда мешавад.Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузории гузариши энержӣ ба Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) хабар дод."То соли 2030 Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки иқтидори тавлиди нерӯи барқро аз 6 гигаватти кунунӣ то ба 10 гигаватт афзоиш диҳад. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, неругоҳҳои офтобӣ бунёд шуда истодааст. Мо ба нақша гирифтем, ки дар 24 моҳи оянда нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт бунёд кунем”, - гуфт ӯ.Дале Ҷумъа таъкид кард, ки Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки то соли 2032 комилан ба истифодаи энержии “сабз” гузарад.Ҳамчунин вазири тоҷик қайд кард, ки ҳиссаи Тоҷикистон вобаста ба ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи паст қарор дорад.Далер Ҷумъа қайд кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои афзоиш додани истифодаи энергияи барқароршаванда ва декарбонизатсияро таъмин намуда истодаанд, зеро банақшагирии ҳамгирошудаи минтақавӣ ва кӯшишҳои мушаххаси давлатҳо барои коҳиш додани партовҳо ва гузариш ба энергияи тоза аҳамияти ҳалкунанда доранд.Қобили зикр аст, ки рӯзи 11 ноябр дар Боку иҷлосияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) ба кор шурӯъ кард.
https://sputnik.tj/20241114/qarzi-barqi-tojik-sangtuda-milliard-somoni-guzasht-1065113414.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0f/1065132090_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_25c7e7640461913ce157dca55cbb545c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нерӯгоҳ, офтобӣ, бодӣ, сохтмон, бунёд, энергетика, далер ҷумъа
тоҷикистон, нерӯгоҳ, офтобӣ, бодӣ, сохтмон, бунёд, энергетика, далер ҷумъа
Дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ зиёд мешаванд
13:11 15.11.2024 (Навсозишуда: 13:47 15.11.2024) Вазири энергетикаи Тоҷикистон гуфт, ки дар кишвар дар ду соли оянда сохтмони нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ бо иқтидори 1500 мегавад ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Давоми 24 моҳи баъди дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори 1500 мегаватт бунёд карда мешавад.
Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузории гузариши энержӣ ба Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) хабар дод.
"То соли 2030 Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки иқтидори тавлиди нерӯи барқро аз 6 гигаватти кунунӣ то ба 10 гигаватт афзоиш диҳад. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, неругоҳҳои офтобӣ бунёд шуда истодааст. Мо ба нақша гирифтем, ки дар 24 моҳи оянда нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт бунёд кунем”, - гуфт ӯ.
Дале Ҷумъа таъкид кард, ки Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки то соли 2032 комилан ба истифодаи энержии “сабз” гузарад.
"Айни замон мо ба 98% расидем, илова бар ин, то соли 2037 иқтисодиёти мо низ комилан “сабз” хоҳад шуд", - афзуд ӯ.
Ҳамчунин вазири тоҷик қайд кард, ки ҳиссаи Тоҷикистон вобаста ба ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи паст қарор дорад.
Далер Ҷумъа қайд кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои афзоиш додани истифодаи энергияи барқароршаванда ва декарбонизатсияро таъмин намуда истодаанд, зеро банақшагирии ҳамгирошудаи минтақавӣ ва кӯшишҳои мушаххаси давлатҳо барои коҳиш додани партовҳо ва гузариш ба энергияи тоза аҳамияти ҳалкунанда доранд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 11 ноябр дар Боку иҷлосияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) ба кор шурӯъ кард.