Қарзи “Барқи тоҷик” назди НБО “Сангтӯда-1” аз 3,5 миллиард сомонӣ гузашт

© Sputnik / Андрей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкСангтудинская ГЭС-1 на реке Вахш в Таджикистане, архивное фото
Сангтудинская ГЭС-1 на реке Вахш в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2024
Обуна шудан
Маблағи қарзи холдинги бузурги энержии "Барқи тоҷик" дар нӯҳ моҳи соли равон 543 млн. сомонӣ афзоиш ёфта аз 3,5 млрд сомонӣ гузашт
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз НБО “Сангтӯда-1” барои нерӯи барқ ​​дар аввали моҳи ноябр аз 3,5 миллиард сомонӣ гузашт, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин нерӯгоҳ.
Қобили зикр аст, ки ин нерӯгоҳи барқи обии дорои иқтидори 670 МВт, панҷумин нерӯгоҳҳои барқи обии Вахш мебошад. Нерӯгоҳ дар баробари "Норак" (3000 МВт) ва "Бойғозӣ" (600 МВт) яке аз се нерӯгоҳи калонтарин дар Тоҷикистон аст.
"Дар нӯҳ моҳи соли 2024 қарзи ширкати давлатии "Барқи тоҷик" аз НБО "Сангтӯда-"1" барои нерӯи барқи додашуда аз 3,53 млрд сомонӣ расидааст. Қарз воқеан аз лаҳзаи ба кор даромадани аввалин чарха дар соли 2008 оғоз шуда, пайваста афзоиш меёбад", - гуфтааст мусоҳиби агентӣ.
Дафтари матбуоти ин нерӯгоҳ хабар додааст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон қарзи ширкати “Барқи тоҷик” 543 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Сангтудинская ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2024
Тоҷикистону Русия фурӯши барқ аз НБО “Сангтуда-1”-баррасӣ намуданд
НБО-1 Сангтӯда дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 2 137 миллион кВт/соатро барқ тавлид кардааст, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли гузашта 41 миллион кВт/соат зиёд мебошад.
Коэффициенти истифодабарии иктидорҳои нерӯгоҳ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 48,8%-ро ташкил дод.
Қайд карда шудааст, ки сатҳи миёнаи пардохт аз аввали соли 2024 аз тарафи ширкати "Барқи тоҷик" 32% арзиши нерӯи барқи додашударо ташкил медиҳад.
Зикр гардидааст, ки НБО-и Сангтӯда-1 барои таъмини кори муътадил ва бефосила тамоми тадбирҳои зарурӣ мунтазам андешида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки сарони ин нерӯгоҳ гуфтаанд, “Барқи тоҷик” нерӯи барқро аз “Сангтуда 1” мехарад ва ба мардум мефурӯшад, вале қарзро намепӯшонад. Намояндагони "Барқи тоҷик" қаблан гуфта буданд, барқро аз ин неругоҳ бо нархи гарон харида, ба мардум арзонтар мефурӯшанд.
Конференция министров стран-участниц программы Центрально-Азиатского регионального экономического сотрудничества (CAREC) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2024
Вазир: 70% барқи истеҳсолшуда дар Роғун ба хориҷ содирот мешавад
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2008 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳсули ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1"-ро дар ихтиёр доранд.
Лентаи хабарҳо
0