Бебарқиҳои Душанбе: дар асл чӣ гап аст?

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2024
Обуна шудан
Ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” сабабҳои қатъ шудани барқ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар қиёс бо солҳои пешин мавориди қатъи беравияи барқ дар пойтахт афзудааст.
Бахтиёр Раҳматзода, сардори раёсати танзими “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавориди қатъи барқ дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҳамвора таҳти назорати ширкат қарор дошта, масъулин дар пайи бартараф кардани онҳо ҳастанд.
“Дар маҳаллаҳои атрофи шаҳр маҳдудият ҷорӣ шудааст, аммо қатъи барқ дар маҳаллаҳову микрорайонҳои дохили шаҳр дар пайи садамаҳои техникӣ анҷом мешавад, аммо кормандони ширкат тамоми талошро ба харҷ медиҳанд, то интиқоли бидуни вақфаи барқ таъмин шавад”, - гуфт Бахтиёр Раҳматзода.
Дар ҳамин ҳол, аз ахбор ва ҳам вокуниши корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки мавориди қатъи барқ дар пойтахт бамаротиб афзудааст. Ин маворид дар саросари қаламрави пойтахт, ҳам баландошёнаҳои микрорайонҳо ва ҳам хонаҳои заминии маҳаллаҳо ба назар мерасад.
Монтажник на вышке сотовой связи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2024
"Барқ нест, мавҷ нест": Сокинони рустоҳои Суғд дар бораи мушкили алоқаи мобилӣ мегуянд
Кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки дар мавзеъ машғули коранд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётии трансформаторҳо, кабелҳо ва дигар заруриёт, ки бояд аз сӯи ширкат фароҳам шаванд, танқисӣ мекашанд.
Дар гузашта огаҳони аҳвол ба ин ишора мекарданд, ки густариши бебарқӣ аз музофот ба пойтахт дар пайи ҷудо шудани ширкати “Барқи тоҷик” ба се ширкати алоҳида - “Барқи тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба миён омадааст.
Лентаи хабарҳо
0