https://sputnik.tj/20241114/rusiya-taqallub-asnodi-muhojiron-jarimai-hanguft-tayin-kard-1065114354.html
Русия барои тақаллуби асноди муҳоҷирон ҷаримаи ҳангуфт таъйин кард
Русия барои тақаллуби асноди муҳоҷирон ҷаримаи ҳангуфт таъйин кард
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи қонун дар бораи ҷарима то 60 миллион рубл барои тақаллуби аснод барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби Думаи давлатии Русия ба тасвиб расид
2024-11-14T10:41+0500
2024-11-14T10:41+0500
2024-11-14T10:41+0500
русия
дар русия
думаи давлатӣ
қонун
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064594578_0:0:3074:1730_1920x0_80_0_0_b7d6c8ccdf299ee465e851462ab6d6f7.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Думаи давлатии Русия дар хониши дувум ва сеюм, қонун дар бораи ҷарима ба маблағи то 60 миллион рубл барои тақаллуби асноди муҳоҷиронро қабул кард.Қонуни нав барои шахсони ҳуқуқӣ, ки даст ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ мезананд муқаррар карда шудааст.Талабот аз ҷумла, барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи ворид шудан ба Русия, бақайдгириии муҳоҷират, ҳаракат ё тартиби интихоби ҷоийи иқомат ё истиқомат рабт дорад.Илова бар ин, масъулияти шахсони ҳуқуқӣ барои фаъолияти ғайриқонунии меҳнат дар Русия сахттар мешавад.Бар асоси қонун, барои содир кардани ин гуна қонуншиканиҳо ҷарима ба маблағи аз 5 то 10 миллион рубл бо мусодираи молу дороӣ ва барои такрори содир кардани ҷиноят аз 10 то 60 миллион рубл муҷозот пешбинӣ шудааст.Инчунин, барои қалбакӣ намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби шахси воқеӣ, қалбакӣ дар мӯҳр ё варақа ба маблағи аз 40 то 80 ҳазор рубл ва дар сурати такрор шудани ҷиноят аз 100 то 200 ҳазор рубл ҷарима муқаррар шудааст.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Думаи давлатии Русия қасд дорад 6 қонуни нав дар соҳаи муҳоҷиратро қабул кунад.Ҳамин тариқ, мақомоти Русия тасмим доранд, механизмҳои ҳуқуқии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳия кунанд.
https://sputnik.tj/20241111/rioya-qonun-ehtirom-muhojir-fadeev-roh-tanzim-muhojirat-rusiya-1065070797.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064594578_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_e5fe817fcf82a38e940ac9e8b66f8d52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дума, ҷарима, муҳоҷирон, аснод, тақаллуб, ғайриқонунӣ, қонун, тасвиб
русия, дума, ҷарима, муҳоҷирон, аснод, тақаллуб, ғайриқонунӣ, қонун, тасвиб
Русия барои тақаллуби асноди муҳоҷирон ҷаримаи ҳангуфт таъйин кард
Лоиҳаи қонун дар бораи ҷарима то 60 миллион рубл барои тақаллуби аснод барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби Думаи давлатии Русия ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Думаи давлатии Русия дар хониши дувум ва сеюм, қонун дар бораи ҷарима ба маблағи то 60 миллион рубл барои тақаллуби асноди муҳоҷиронро қабул кард.
Қонуни нав барои шахсони ҳуқуқӣ, ки даст ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ мезананд муқаррар карда шудааст.
Талабот аз ҷумла, барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи ворид шудан ба Русия, бақайдгириии муҳоҷират, ҳаракат ё тартиби интихоби ҷоийи иқомат ё истиқомат рабт дорад.
Илова бар ин, масъулияти шахсони ҳуқуқӣ барои фаъолияти ғайриқонунии меҳнат дар Русия сахттар мешавад.
Бар асоси қонун, барои содир кардани ин гуна қонуншиканиҳо ҷарима ба маблағи аз 5 то 10 миллион рубл бо мусодираи молу дороӣ ва барои такрори содир кардани ҷиноят аз 10 то 60 миллион рубл муҷозот пешбинӣ шудааст.
Инчунин, барои қалбакӣ намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби шахси воқеӣ, қалбакӣ дар мӯҳр ё варақа ба маблағи аз 40 то 80 ҳазор рубл ва дар сурати такрор шудани ҷиноят аз 100 то 200 ҳазор рубл ҷарима муқаррар шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Думаи давлатии Русия қасд дорад 6 қонуни нав дар соҳаи муҳоҷиратро қабул кунад.
Ҳамин тариқ, мақомоти Русия тасмим доранд, механизмҳои ҳуқуқии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳия кунанд.