Мақомоти Суғд гуфт бо саҳми соҳибкорон чанд километри роҳҳо таъмиру навсозӣ шуданд

© Sputnik / Amir IsaevРемонт дорог, архивное фото
Ремонт дорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2024
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд хабар дод, ки бо саҳми соҳибкорону сокинони вилоят дар нуҳ моҳи соли равон 2166,4 км роҳ аз таъмир бароварда шуд
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд дар соли равон дар вилоят, тибқи нақша, таъмири 2077 км роҳ, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км, гузарондани таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпӯш намудани 780,8 км роҳ дар назар аст.
“Бо дастгириҳои Вазорати нақлиёт, Мақомоти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо, саҳмгузории соҳибкорону сокинони ватандӯсти вилоят дар нуҳ моҳи соли равон 2166,4 км роҳ аз таъмир бароварда шуд”, - хабар додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки аз миқдории умумии роҳҳои таъмиршуда 483,4 км таъмири асосӣ, 915,6 км таъмири ҷорӣ ва 767,4 км шағалпӯш гардиданд.
Ҳамзамон мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар вилоят 52 иншооти соҳаи маориф мавриди истифода қарор гирифт.
Осень в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Таъмир анҷом ёфт: Роҳ ба самти комбинати гӯшт қисман боз шуд
Аз ҷумла, дар назди 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 233 синфхонаи иловагӣ ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 11 толор ва майдончаи варзиш мавриди истифода қарор гирифта, шароити таълиму тарбия беҳтар шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазир нақлиёт зимни нишасти хабарияш гуфт, ки дар Тоҷикистон умуман 26,7 ҳазор киллометр роҳ аст, ки аз он 14,3 ҳазор дар тавозуни Вазорати нақлиёт аст ва нигоҳдории боқимонда ба дигар идораву муассиаҳо ва ҳатто ашхоси инфиродӣ тааллуқ дорад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ахиран дар як маҷлис қайд кардаааст, ки дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0