https://sputnik.tj/20241114/amaliyoti-artishi-rusiya-neruhoi-ukraini-kursk-idoma-1065124081.html
Амалиёти артиши Русия зидди нерӯҳои украинӣ дар Курск идома дорад
Амалиёти артиши Русия зидди нерӯҳои украинӣ дар Курск идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гузориши Вазорати дифоъ, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 32 ҳазору 580 сарбози худро аз даст доданд
2024-11-14T19:31+0500
2024-11-14T19:31+0500
2024-11-14T19:31+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
русия
амалиёти вижа
украина
талафот
артиш
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0c/1065085206_0:69:3072:1797_1920x0_80_0_0_cd824e518376a4b2282500396e4e97ad.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Воҳидҳои низомии Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як рӯз беш аз 430 ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.Дар ин бора дар гузориши Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск хабар дод.Ба иттилои манбаъ, артиши Украина ҳамзамон ду мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳамчунин шаш миномёт ва ду истгоҳи ҷанги электрониро талаф дод."Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 430 нафар низомиён, 10 танк, ду мошини ҷангии пиёда, 19 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, як истгоҳи электронии ҷангӣ ва 33 мошин ва ду тупи худгард ташкил додааст", - омадааст дар хабарнома.Дар ҳамин ҳол, Киев 212 танк, 136 худрави ҷангии пиёданизом, 112 нафарбари зиреҳпӯш, 1165 зиреҳпӯш, 940 мошин, 281 тӯпхонаро талаф дод.Ҳамзамон душман дар ин самт, 40 системаи мушакӣ, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА, 12 системаҳои зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 7 мошини борбардор, 63 истгоҳи ҷанги электронӣ, ва ғайраро аз даст дод.Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 32580 сарбози худро аз даст доданд."Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - таъкид мешавад дар паёми вазоратЁдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20241113/peshravi-artishi-rusiya-jmd-rovnopolro-ozod-1065113151.html
https://sputnik.tj/20241112/rasona-artishi-ukraina-hamla-javobi-sarboz-1065098318.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0c/1065085206_325:0:3056:2048_1920x0_80_0_0_2f9589d26c3c4dd9685aa4eeaf24d98d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, украина, курск, сарбоз, талафот
русия, амалиёти вижа, украина, курск, сарбоз, талафот
Амалиёти артиши Русия зидди нерӯҳои украинӣ дар Курск идома дорад
Ба гузориши Вазорати дифоъ, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 32 ҳазору 580 сарбози худро аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Воҳидҳои низомии Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як рӯз беш аз 430 ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Дар ин бора дар гузориши Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, артиши Украина ҳамзамон ду мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳамчунин шаш миномёт ва ду истгоҳи ҷанги электрониро талаф дод.
"Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 430 нафар низомиён, 10 танк, ду мошини ҷангии пиёда, 19 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, як истгоҳи электронии ҷангӣ ва 33 мошин ва ду тупи худгард ташкил додааст", - омадааст дар хабарнома.
Дар ҳамин ҳол, Киев 212 танк, 136 худрави ҷангии пиёданизом, 112 нафарбари зиреҳпӯш, 1165 зиреҳпӯш, 940 мошин, 281 тӯпхонаро талаф дод.
Ҳамзамон душман дар ин самт, 40 системаи мушакӣ, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА, 12 системаҳои зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 7 мошини борбардор, 63 истгоҳи ҷанги электронӣ, ва ғайраро аз даст дод.
Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 32580 сарбози худро аз даст доданд.
"Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - таъкид мешавад дар паёми вазорат
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.