Расонаҳо: Артиши Украина барои ҳамлаҳои ҷавобӣ сарбоз надорад

© AP / Oleksandr RatushniakУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2024
Обуна шудан
Дар сомонаи Sky News хабар додааст, ки артиши Украина барои анҷом додани ҳамлаҳои ҷавобӣ сарбози кофӣ надоранд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Стуарт Рэмзи, хабарнигори Sky News хабар дод, ки артиши Украина барои анҷоми амалиёти "заминӣ" сарбози кофӣ надорад.
Тавре Рэмзи бо истинод ба низомиён қайд кард, лаҳзаи муҳим барои низомиён норасоии кадрҳо мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳамчунин аз норасоии муҳимоти ҷангиро шикоят карданд.
"Онҳо (Артиши Украина) маҷбуранд аз танкҳои амрикои барои манёврҳо пиёданизомон барои кумак истифода баранд, зеро онҳо дар замин барои анҷом додани амалиётҳои ҳамлаӣ нафарони кофӣ надоранд", - гуфт Рэмзи дар мусоҳиба бо мухбири Sky News.
Рэмзи афзуд, ки мушкили дигари Нерӯҳои мусаллаҳи Украина истифодаи “силоҳҳои кӯҳна” барои дифоъ аз паҳподҳост.
Украинские солдаты. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ИМА аз нокомии бузурги артиши Украина гуфтанд
Қаблан рӯзномаи испанӣ “Pais” бо такя ба намояндаи хадамоти матбуоти Вазорати дифои Украина навишта буд, ки Вазорати дифои Украина эътироф кардааст, ки ҳоло мушкили аслӣ дар Киев на силоҳ, балки норасоии сарбоз аст. Касе намехоҳад ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дохил шавад.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0