https://sputnik.tj/20241114/ama-iiao-tavseai-hamkori-tijori-sarmoyaguzri-tavofuq-1065120536.html
АМА ва ИИАО дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ тавофуқ карданд
АМА ва ИИАО дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ тавофуқ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳамкориҳояшро бо Имороти Муттаҳидаи Араб дар заминаи тиҷорату сармоягузори тақвият медиҳад
2024-11-14T15:52+0500
2024-11-14T15:52+0500
2024-11-14T17:48+0500
ииао
русия
дар русия
иқтисод
ама
авруосиё
ҳамкорӣ
сармоягузорӣ
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/16/1064817824_0:53:3071:1780_1920x0_80_0_0_a167cc401f965c7fccba8bfce39e200f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар заминаи тиҷорат ва сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.Дар ин бора вазири давлатии АМА дар масъалаи савдо хориҷӣ Тани бин Аҳмад ал-Зейудӣ хабар додааст."Моҳи сентябри соли ҷорӣ ман ба Маскав сафар кардам, ки бо вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев дар бораи тавсеаи тиҷорат ва афзоиши сармоягузорӣ гуфтугӯ ва ба мувофиқа расидем. Ҳамчунин нияти идомаи корро дар мавриди таҳияи созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ тасдиқ кардем", - гуфт вазир.Дар тӯли чанд сол, АМА беш аз даҳ созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, аз ҷумла бо Исроил, Ҳиндустон, Индонезия, Кения ва Туркия ба имзо расонд.Моҳи феврал ал-Зейудӣ ба ТАСС гуфта буд, ки мақомоти кишвар интизор доранд, ки то охири соли 2024 бо ИИАО чунин як созишнома ба имзо расонанд.Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
https://sputnik.tj/20241113/volvach-iiao-afriqo-hamkori-taqviyat-1065109942.html
русия
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/16/1064817824_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c5822596842acfe147ad0570f1edd095.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, ама, ҳамкорӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, тақвият, рушд, иқтисод
ииао, ама, ҳамкорӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, тақвият, рушд, иқтисод
АМА ва ИИАО дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ тавофуқ карданд
15:52 14.11.2024 (Навсозишуда: 17:48 14.11.2024) Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳамкориҳояшро бо Имороти Муттаҳидаи Араб дар заминаи тиҷорату сармоягузори тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар заминаи тиҷорат ва сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора вазири давлатии АМА дар масъалаи савдо хориҷӣ Тани бин Аҳмад ал-Зейудӣ хабар додааст.
"Моҳи сентябри соли ҷорӣ ман ба Маскав сафар кардам, ки бо вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев дар бораи тавсеаи тиҷорат ва афзоиши сармоягузорӣ гуфтугӯ ва ба мувофиқа расидем. Ҳамчунин нияти идомаи корро дар мавриди таҳияи созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ тасдиқ кардем", - гуфт вазир.
Дар тӯли чанд сол, АМА беш аз даҳ созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, аз ҷумла бо Исроил, Ҳиндустон, Индонезия, Кения ва Туркия ба имзо расонд.
Моҳи феврал ал-Зейудӣ ба ТАСС гуфта буд, ки мақомоти кишвар интизор доранд, ки то охири соли 2024 бо ИИАО чунин як созишнома ба имзо расонанд.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.