Парвандаи ҷиноӣ барои саркаши аз хизмат: Ба ҷои аскарӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие армии Таджикистана
Военнослужащие армии Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2024
Обуна шудан
Сокини 22 солаи ноҳияи Зафаробод барои саркаши аз хизмати аскарӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон нисбати сокини 22 солаи ноҳияи Зафаробод барои саркаши аз хизмати аскарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Зафаробод соли 2024 дар даъвати тирамоҳӣ бо баҳонаи саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ бе ягон сабабҳои узрнок ба Комиссириати ҳарбии ноҳияи Зафаробод ҳозир нашуда, ба Русия рафта, аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст”, - қайд кардааст ВКД.
Дар ҳоли ҳозир Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Аммо ВКД хабар надодааст, ки оё ин ҷавон боздошт шудааст ё дар пайгардӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури кишвар 28 августи соли равон фармон дар бораи даъвати навбатии тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбиро ба имзо расонд.
Таджикские военные на параде   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2024
Баъзеро ғайриқонунӣ ба аскарӣ намебаранд: Дар Суғд аз камбудиҳои даъват ба хидмат гуфтанд
Даъвати наваскарон дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то охири ноябр давом хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду маротиба: даъвати баҳорӣ ва тирмоҳии ҷавонон ба сафи артиш сурат мегирад.
Соли ҷорӣ дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 барои хидмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.
Чанде пеш вазорати дифоъ хабар дода буд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва вилояти Хатлон имсол якум шуда нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро карданд.
Қаблан мақомоти шаҳри Душанбе низ хабар дод, ки пойтахт нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиши Тоҷикистонро 100% иҷро кард.
Лентаи хабарҳо
0