https://sputnik.tj/20240329/bemorro-mebarand-bazero-ghayriqonun-sughd-kambudi-1062260772.html
Баъзеро ғайриқонунӣ ба аскарӣ намебаранд: Дар Суғд аз камбудиҳои даъват ба хидмат гуфтанд
Баъзеро ғайриқонунӣ ба аскарӣ намебаранд: Дар Суғд аз камбудиҳои даъват ба хидмат гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизони Суғд таҳти раёсати прокурори ҳарбӣ камбудиҳои даъватро баррасӣ намуд
2024-03-29T16:16+0500
2024-03-29T16:16+0500
2024-03-29T17:26+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
даъват
даъвати баҳорӣ
суғд
шахсони воқеъӣ
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042573750_0:83:1600:983_1920x0_80_0_0_ecb43475fe7cfb57f783a3bf3b75a4c8.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Масъулини комиссияҳои даъвати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2024 муваззаф шуда, дастур гирифтаанд, ки камбудиҳоро бартараф кунанд. Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизони Суғд, таҳти раёсати прокурори ҳарбии вилоят, Бахтиёр Шарифзода таъкид шуд. Аз ҷумла дар ҷаласа барои пурра ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси марди синни 16-сола супориш дода шуд. Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар даъвати баҳорӣ аз масоили меҳварӣ будаст, ки масъулин ба он таъкид намудаанд. Ҳолатҳои беасос ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ва аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ғайриқонунӣ озод кардани шаҳрвадон низ ба миён гузошт шудааст. Пешгирии ҳолатҳои ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани шахсони бемор ва аз хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат рухсат гардидани хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи дигар масъалаҳои ҳалталаб гуфта шудаст. Дар ҷаласа ҳамчунин муовини раиси вилояти Суғд, раиси комиссияи даъватии вилоят, Даврон Зоҳидзода ва комиссари ҳарбии вилоят генерал Умед Солизода иштирок намудаанд. Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон бо фармони раисҷумҳур моҳҳои апрел ва май идома хоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20230602/tojikiston-javon-davatnoma-komissariat-ruykhat-1057504590.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042573750_90:0:1510:1065_1920x0_80_0_0_6b814aef25ef56df4c70d381d5d17800.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, хизмати ҳарбӣ, тоҷикистон, суғд, ҷаласа, ҳамоҳангсозӣ
даъват, хизмати ҳарбӣ, тоҷикистон, суғд, ҷаласа, ҳамоҳангсозӣ
Баъзеро ғайриқонунӣ ба аскарӣ намебаранд: Дар Суғд аз камбудиҳои даъват ба хидмат гуфтанд
16:16 29.03.2024 (Навсозишуда: 17:26 29.03.2024) Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизони Суғд таҳти раёсати прокурори ҳарбӣ камбудиҳои даъватро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Масъулини комиссияҳои даъвати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2024 муваззаф шуда, дастур гирифтаанд, ки камбудиҳоро бартараф кунанд.
Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизони Суғд, таҳти раёсати прокурори ҳарбии вилоят, Бахтиёр Шарифзода таъкид шуд.
Аз ҷумла дар ҷаласа барои пурра ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси марди синни 16-сола супориш дода шуд.
Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар даъвати баҳорӣ аз масоили меҳварӣ будаст, ки масъулин ба он таъкид намудаанд.
Ҳолатҳои беасос ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ва аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ғайриқонунӣ озод кардани шаҳрвадон низ ба миён гузошт шудааст.
Пешгирии ҳолатҳои ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани шахсони бемор ва аз хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат рухсат гардидани хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи дигар масъалаҳои ҳалталаб гуфта шудаст.
Дар ҷаласа ҳамчунин муовини раиси вилояти Суғд, раиси комиссияи даъватии вилоят, Даврон Зоҳидзода ва комиссари ҳарбии вилоят генерал Умед Солизода иштирок намудаанд.
Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон бо фармони раисҷумҳур моҳҳои апрел ва май идома хоҳад дошт.