Путин: Муҳоҷирони корӣ ҳам бояд дар шароити инсонӣ зиндагӣ кунанд

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкПрезидент Владимир Путин принял участие в работе дискуссионного клуба "Валдай"
Президент Владимир Путин принял участие в работе дискуссионного клуба Валдай  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия ахиран дар Клуби Валдай дар бораи беҳтар кардани вазъи муҳоҷирони корӣ изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" таъкид кард, ки муҳоҷирон низ бояд дар шароити инсонӣ зиндагӣ кунанд ва аз ҳама имтиёзҳо истифода намояд
Вай қайд кард, аммо дар ин ҷо таҳрифҳо вуҷуд доранд.
"Онҳое, ки ба назди мо меоянд, онҳо низ бояд дар шароити муосири инсонӣ зиндагӣ кунанд, аз тамоми неъматҳои тамаддун дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва ғайра бархурдор бошанд, дар ин ҷо низ номутаносибӣ вуҷуд дорад, ман ҳоло ба ҷузъиёт намеравам , аммо мо бояд дар ин бора кор кунем ", гуфт Владимир Путин дар Валдай.
Владимир Путин инчунин илова кард, ки муҳоҷирон агар қонунҳои Русияро донанд ва ба риояи онҳо омода бошанд, бадбини ҳами миёни мардуми рус сурат намегирад.
"Дар марҳилаи аввал, мо бояд шароит фароҳам оварем, ки одамоне, ки барои кор меоянд, онҳо ба забони русӣ хуб суҳбат кунанд, анъанаҳои моро донанд, мо дар ин бора борҳо гуфта будем. Онҳо бояд қонунҳои моро донанд ва дар дохил омода бошанд, ва ҳамаи онҳоро риоя намоянд. Дар ин сурат аз ҷониби шаҳрвандони мо бадбинӣ сурат нахоҳад гирифт", -гуфт Путин.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2024
Супориши Раҳмон дар бораи тақвияти кори намояндагӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар хориҷ
Владимир Путин ҳамчунин қайд кард, ки мақомоти Русия ҳангоми ҷалби муҳоҷирон бояд пеш аз ҳама дар бораи манфиатҳои шаҳрвандони кишвар фикр кунанд.
"Мо (дар масъалаи ҷалби муҳоҷирон) бояд пеш аз ҳама дар бораи манфиатҳои шаҳрвандони Русия фикр кунем", - гуфт Путин дар ҷаласаи Валдай.
Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" як иттиҳодияи коршиносони варзидаи хориҷӣ ва Русия дар бахшҳои сиёсатшиносӣ, иқтисод, таърих ва равобити байналмилалӣ мебошад.
Валдай яке аз платформаҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ҳамкории байни элитаи зеҳнӣ ва сиёсии Русия ва байналмилалӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0