Раҳмон бо Холид Ал-Фолиҳ сармоягузорӣ таъсиси фонди муштаракро баррасӣ кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон встретился с Министром инвестиций Саудовской Аравии Халидом Аль-Фалихом
Эмомали Рахмон встретился с Министром инвестиций Саудовской Аравии Халидом Аль-Фалихом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2024
Обуна шудан
Роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ баррасӣ шуда, ки гуфта мешавад он боиси афзоиши сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон мешавад
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.
Ба иттилои дафтари матбути президент, ин дидор дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ дар Риёз сурат гирифт.
Дар дидор раисҷумҳур таъкид доштааст, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд.
"Баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор номида шуд",- афзудааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика ва кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.
Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2024
Эмомалӣ Раҳмон озими Арабистони Саудӣ шуд
Бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ амри зарурӣ дониста шуд.
Изҳори умед карда шуд, ки хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ роҳандозӣ шуда, дар ин замина сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0