Эмомалӣ Раҳмон озими Арабистони Саудӣ шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон. Архивное фото
Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2024
Обуна шудан
Ҳамоиш, ки раҳбарони кишварҳои арабию исломиро гирди ҳам меорад, ба баррасии масоили муҳими сиёсати байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар минтақа бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ҳадафи сафар иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ мебошад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кишвардорро раиси Маҷлиси намояндагон, сарвазири, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Визит Рахмона в Кувейт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2024
Раҳмон дар дидор бо амири Кувайт аз самтҳои ояндадори сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфт
Дар ин сафар президентро ёрдамчияш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири корҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамоиш, ки раҳбарони кишварҳои арабию исломиро гирди ҳам меорад, ба баррасии масоили муҳими сиёсати байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар минтақа бахшида шудааст.
Қарор аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар он суханронӣ ва доир ба масоили байналмилал, махсусан ховари миёна изҳори назар кунад.
Лентаи хабарҳо
0