Раҳмон ҳамлаи интиҳории пурқурбонӣ дар Покистонро маҳкум кард

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкВстреча глав государств-участников СНГ
Встреча глав государств-участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2024
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон дар барқияаш ин ҳодисаро маҳкум карда ва ба зарурати муҷозоти созмондиҳандагони ҳамла таъкид кардааст
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон ва нахуствазир Шаҳбоз Шариф номаи ҳамдардӣ ирсол кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, паёми таслият дар робита ба ҳамлаи террористии интиҳорӣ дар шаҳри Кветта, ки дар пай қурбониҳои зиёд дошт, ирсол шуд.
Вай дар барқияаш ин ҳодисаро маҳкум карда ва ба зарурати муҷозоти созмондиҳандагони ҳамла таъкид кардааст.
“Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи неруҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем",- омадааст дар номаи президент.
Кишвардори Тоҷикистон дар идома ба аҳли наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва мардуми дӯсти Покистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.
Таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани Кветта рӯзи шанбе тақрибан соати 08:25 ба вақти маҳаллӣ, чанде қабл аз рафтани қатораи Jaffer Express ба Пешовар рух дод.
Последствия взрыва на железнодорожном вокзале пакистанского города Кветта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2024
Фоҷиа дар Покистон: ҳамлаи террористӣ 50 қурбониву захмӣ барҷой гузошт
Як маргталаб бо бағоҷ вориди истгоҳ шуд ва дар назди нуқтаи чиптафурӯшӣ, ки маъмулан мардуми зиёде дар он ҷо ҷамъ меоянд, ҳамлаи интиҳорӣ анҷом дод.
Тибқи маълумоти ахир, 27 нафар кушта ва 46 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи мақомот, масъулияти ин ҳодисаро гурӯҳи низомии мамнӯи Артиши озодибахши Балуҷистон бар ӯҳда гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0