Фоҷиа дар Покистон: ҳамлаи террористӣ 50 қурбониву захмӣ барҷой гузошт

Обуна шудан
Табибони маҳаллӣ эҳтимоли афзоиши шумори қурбониёни ҳодисаро истисно намекунанд, зеро вазъи чанд қурбонӣ вазнин арзёбӣ мешавад
Дар як истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кветтаи вилояти Балуҷистони Покистон таркиши пурқувват рух дод, хабар медиҳад, шабакаи телевизионии Geo.
Ҳодиса дар истгоҳ замоне рух дод, ки қатораи Ҷаффер Экспресс аз Кветта ба Пешовар рафтанӣ буд.
"Ба назар чунин мерасад, ки ин як бомбгузории интиҳорӣ аст, аммо барои дақиқ гуфтан ҳанӯз барвақт аст",- гуфт полиси аршади минтақа Муҳаммад Балуҷ.
Тибқи иттилои пешакӣ, беш аз 20 нафар қурбони ҳамлаи террористӣ гардида, 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Тарҳи “Крокус” дар Ваҳдат, ё Душанбе бо терроризм чӣ гуна дасту панҷа нарм мекунад?
Табибон эҳтимоли афзоиши шумори қурбониёнро истисно намекунанд, зеро вазъи чанд қурбонӣ вазнин аст.
Гуфта мешавад, ки дар ҷои ҳодиса пулис ва нерӯҳои амниятӣ қарор доранд. Дар беморхонаҳо ҳолати фавқулодда эълон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0