Путин қонунҳои нави умури муҳоҷиратро имзо кард

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Владимир Путин
Президент Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2024
Обуна шудан
Қонунҳои имзонамудаи раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба пурзӯр намудани қоидаҳои ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвар равона шудаанд
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Руси қонунҳоеро имзо кард, ки дигар назорат барои қонунигардони будубоши муҳоҷиронро пурзӯр мекунад.
Дар феҳрасти қонунҳои имзонамуда, аз ҷумла қонун дар бораи манъи қабули имтиҳон аз хориҷиён аз ҷониби муассисаҳои миёнарав, қонун дар бораи эътирофи содир намудани ҷиноят аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳамчун ҳолати вазнинкунанда мебошанд.
Ҳамзамон кишвардори Русия қонун дар бораи ба таври ғайрисудӣ бастани сайтҳои дорои хидматрасонии ғайриқонунӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва дар бораи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро маъқул донист.
Раисҷумҳури Русия ахиран зарурати таъмини тартибот дар бахши муҳоҷиратро таъкид карда, дар зимн афзуд, ки коргарони хориҷӣ бояд бо шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гарданд.
Путин аз ҷумла шарти қабули хуби муҳоҷирон аз ҷониби шаҳрвандон дар Русияро тавзеҳ дод.
Президент Владимир Путин принял участие в работе дискуссионного клуба Валдай  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2024
Путин: Муҳоҷирони корӣ ҳам бояд дар шароити инсонӣ зиндагӣ кунанд
Агар муҳоҷирон бо забони русӣ ҳарф зананд ва қонунҳои Русияро донанд, нисбаташон муносибати номақбул нахоҳад буд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия.
Вай дар ҷаласаи пленарии клуби "Валдай" изҳор дошт, ки марҳилаи аввали ислоҳоти сиёсати муҳоҷират бояд фароҳам овардани чунин шароит бошад, ки одамоне, ки барои кор ба Русия меоянд, ба ин омодагии кофӣ дошта бошанд.
Путин афзуд, ик муҳоҷирон бояд дар Русия шароити хуби инсонӣ барои зиндагӣ дошта бошанд.
"Онҳое, ки ба назди мо меоянд, онҳо низ бояд дар шароити муосири инсонӣ зиндагӣ кунанд, аз тамоми неъматҳо дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва ғайра бархӯрдор бошанд, дар ин ҷо низ номутаносибӣ вуҷуд дорад, ман ҳоло ба ҷузъиёт намеравам, аммо мо бояд дар ин бора кор кунем", - таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0