Ҷиноҳи сиёсии Ҳамос гуфт, ки Қатар онҳоро пеш накардааст

© AP / Hatem MoussaБоевики ХАМАС в городе Хан-Юнис на юге сектора Газа, понедельник, 11 ноября 2019 г.
Боевики ХАМАС в городе Хан-Юнис на юге сектора Газа, понедельник, 11 ноября 2019 г. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2024
Обуна шудан
Шабакаҳои арабӣ бар хилофи расонаҳои ғарбӣ, ки гуфтанд Қатар аз миёнҷигар даст каршидааст, навиштаанд, Доҳа чунин тасмим надорад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҷиноҳи сиёсии ҷунбиши фаластинии Ҳамос, ки дар Доҳа мақар дора, аз мақомоти Қатар дастури хуруҷи кишварро нагирифтааст.
Дар ин бора як манбаъ дар раҳбарияти ҷунбиш ба РИА "Новости" дар пасманзари хабарҳо, ки гӯё Қатар сарони ҷунбишро барои радди оташбаси муваққат дар Навори Ғазза танқид кардааст, изҳор дошт.
"Мо дар бораи он чизе намедонем, ки мақомоти Қатар гӯё аз раҳбарияти Ҳамос талаб карда бошанд, ки кишварро тарк кунанд ва аз мақомоти Қатар ба раҳбарияти Ҳамос чунин талабе нарасидааст",- гуфт манбаъ.
Ахиран расонаҳои байналмилали ғарбӣ бо такя ба як манбаи дипломатӣ хабар дод, ки Қатар аз нақши миёнҷии калидӣ дар музокироти оташбаси Ғазза даст кашид ва ба Ҳамос ҳушдор дод, ки бюрои сиёсии Доҳа "дигар ба ҳадафаш хидмат намекунад", зеро тарафҳои даргир дар музокироти ахири Доҳа дар бораи созиши муваққатӣ ва озод кардани чанд гаравгони исроилӣ ба ивази маҳбусони фаластинӣ ба мувофиқа нарасиданд.
Представители движения Хамас маршируют по улице. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2024
Ҳамос шартҳои оташбас бо Исроилро гуфт: кадомҳоянд?
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаи ин оҷонсӣ, Қатар гуфтааст, ки дар сурати таваҷҷӯҳи воқеъии ҷонибҳо ба музокирот метавонад ба миёнаравӣ баргардад.
Ба навиштаи расонаҳо, фишори Вашингтон қатарро маҷбур ба рондани Ҳамос кардааст, ки натавонист онҳо ба ризоият дар мувофиқаҳои оташбас водор созад.
Аммо шабакаи "Ал Арабия" хабар дод, ки Қатар таълиқи миёнҷигарии худ дар музокироти Ҳамос бо Исроилро эълон накардааст.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2012 бахши муҳими раҳбарияти сиёсии Ҳамос дар Қатар мустақар аст.
Лентаи хабарҳо
0