https://sputnik.tj/20241029/hamos-shartho-otashbas-isroil-1064896796.html
Ҳамос шартҳои оташбас бо Исроилро гуфт: кадомҳоянд?
Ҳамос шартҳои оташбас бо Исроилро гуфт: кадомҳоянд?
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Ҳамос мегӯяд, ки аз аввал чор "калид"-и ба даст овардани ҳар як созишро, ки боиси бас шудани ин ҷанг шуда метавонад, эълон кардаанд
2024-10-29T09:22+0500
2024-10-29T09:22+0500
2024-10-29T13:11+0500
дар тоҷикистон
ҳамос
исроил
оташбас
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1d/1064900867_0:202:3282:2048_1920x0_80_0_0_972147c06a7bee56aa96e7919109e51f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ мавқеъи қаблии худро дар мавриди ҳамагуна музокироти оташбас дар навори Ғазза ҳифз карда, талаби оташбаси доимӣ ва хуруҷи нерӯҳо аз Исроилро дорад. Дар ин бора Тоҳир Ал-Нуну, мушовири матбуотии раиси Ҷиноҳи сиёсии Ҳамос рӯзи ба РИА "Новости" хабар дод. Ба гуфтаи вай, мавқеъи Ҳамос дар бораи музокирот рӯшан аст... Ҳаракат барои пешниҳодҳои миёнаравҳо боз аст ва тамоми талошҳои қаблан анҷомшударо қадр мекунад... Вале мо аз аввал чор "калид"-и ба даст овардани ҳар як созишро, ки боиси бас шудани ин ҷанг шуда метавонад, эълон кардем. Пештар Дмитрий Генделман, мушовири дафтари нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба хабаргузории РИА "Новости" гуфта буд, ки музокирот дар бораи оташбас дар навори Ғазза ва табодули гаравгонони ҷунбиши Ҳамос дар Доҳа идома дорад.Рӯзи якшанбе Дэвид Барнеа, раиси Ожонси истихборотии Исроил Моссад ба пойтахти Қатар сафар кард, то гузинаҳои эҳтимолии созиш дар навори Ғазза бо раиси Идораи марказии истихбороти Амрико Вилям Бернс ва нахуствазири Қатар Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Таниро баррасӣ кунад.Қаблан Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисиҷумҳури Миср гуфта буд, ки Қоҳира дар навори Ғазза барои озод кардани чаҳор гаравгони исроилӣ дар ивази чанд маҳбуси фаластинӣ оташбаси дурӯза пешниҳод кардааст. Музокирот тавассути миёнаравҳо барои ҳалли вазъ дар навори Ғазза чанд моҳ боз дар бунбаст қарор дорад. Давлати Нетаняҳу ва Ҳамос якдигарро муттаҳам карданд, ки қасдан тавофуқҳоро халалдор мекунанд ва намехоҳанд созиш ҳосил кунанд. Бинобар охирин гузоришҳо, теъдоди шаҳидон дар навори ғазза аз 43 ҳазор нафар гузашт ва вазъияти вахими башарӣ дар ин минтақа ҳукмфармост.
https://sputnik.tj/20241024/hamos-rusiya-abbos-mukolama-vahdat-milli-tashviq-1064842881.html
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1d/1064900867_551:0:3282:2048_1920x0_80_0_0_f762203f0fd87fd2c3fc695a30717081.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамос шарт оташбас исроил
ҳамос шарт оташбас исроил
Ҳамос шартҳои оташбас бо Исроилро гуфт: кадомҳоянд?
09:22 29.10.2024 (Навсозишуда: 13:11 29.10.2024) Намояндаи Ҳамос мегӯяд, ки аз аввал чор "калид"-и ба даст овардани ҳар як созишро, ки боиси бас шудани ин ҷанг шуда метавонад, эълон кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ мавқеъи қаблии худро дар мавриди ҳамагуна музокироти оташбас дар навори Ғазза ҳифз карда, талаби оташбаси доимӣ ва хуруҷи нерӯҳо аз Исроилро дорад.
Дар ин бора Тоҳир Ал-Нуну, мушовири матбуотии раиси Ҷиноҳи сиёсии Ҳамос рӯзи ба РИА "Новости" хабар дод.
Ба гуфтаи вай, мавқеъи Ҳамос дар бораи музокирот рӯшан аст... Ҳаракат барои пешниҳодҳои миёнаравҳо боз аст ва тамоми талошҳои қаблан анҷомшударо қадр мекунад... Вале мо аз аввал чор "калид"-и ба даст овардани ҳар як созишро, ки боиси бас шудани ин ҷанг шуда метавонад, эълон кардем.
"Инҳо оташбаси доимӣ ва хуруҷи комил аз навори Ғазза, ироаи кумакҳо ва дастрасии бидуни мамониат ба он, ҳамчунин талошҳои бозсозӣ... ва дар ниҳоят табодули асирон ба гаравгонҳоро дар бар мегиранд", - гуфт ӯ дар бораи вокуниши эҳтимолии Ҳамос ба пешниҳодҳои миёнаравҳо дар пайи даври нави музокирот дар Қатар изҳори назар кард.
Пештар Дмитрий Генделман, мушовири дафтари нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба хабаргузории РИА "Новости" гуфта буд, ки музокирот дар бораи оташбас дар навори Ғазза ва табодули гаравгонони ҷунбиши Ҳамос дар Доҳа идома дорад.
Рӯзи якшанбе Дэвид Барнеа, раиси Ожонси истихборотии Исроил Моссад ба пойтахти Қатар сафар кард, то гузинаҳои эҳтимолии созиш дар навори Ғазза бо раиси Идораи марказии истихбороти Амрико Вилям Бернс ва нахуствазири Қатар Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Таниро баррасӣ кунад.
Қаблан Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисиҷумҳури Миср гуфта буд, ки Қоҳира дар навори Ғазза барои озод кардани чаҳор гаравгони исроилӣ дар ивази чанд маҳбуси фаластинӣ оташбаси дурӯза пешниҳод кардааст.
Музокирот тавассути миёнаравҳо барои ҳалли вазъ дар навори Ғазза чанд моҳ боз дар бунбаст қарор дорад.
Давлати Нетаняҳу ва Ҳамос якдигарро муттаҳам карданд, ки қасдан тавофуқҳоро халалдор мекунанд ва намехоҳанд созиш ҳосил кунанд.
Бинобар охирин гузоришҳо, теъдоди шаҳидон дар навори ғазза аз 43 ҳазор нафар гузашт ва вазъияти вахими башарӣ дар ин минтақа ҳукмфармост.