Сафири Толибон* ба Душанбе меояд: дар сафорати Афғонистон чӣ гуна кор тағйир мекунад?

© Foto / Посольство Республики Афганистан в ДушанбеПосол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар
Посол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Сафорат шарҳ дод, ки Толибон* метавонанд намояндаи худро ба Душанбе фиристанд, то мушкилоти афғонҳо ҳангоми кор ва гирифтани раводид ба миён меоянд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар сурати дипломати Толибон* ба идораи сафоратхонаи Афгонистон дар Душанбе таъин шудан, кори намояндагии дипломатй тағйир намеёбад.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар хабар додааст.
"Мо фаъолиятҳои худро идома медиҳем",- гуфт ӯ.
Вай афзуд, ба хотири рафъи мушкили мардум, ки дар умури коргузорӣ ва асноди сафар ба Афғонистон пеш меояд, аз ҷумла барои тоҷирону коруфтодагони чӣ ҷониби Тоҷикистон ва чӣ Афғонистон, Толибон* метавонанд як дипломати худро дар Душанбе таъйин кунанд.

“Як пули равобит бояд бошад. Ин ҷо ҳалли мушкили мардум муҳим аст”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.

Қаблан расонаҳои Афғонистону Эрон хабар дода буданд, ки давлати Тоҷикистон бо пазириши як дипломати Толибон* дар сафорати Афғонистон дар Душанбе мувофиқат кардааст.
Маршал Абдулрашид Дустум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2024
Маршал Дӯстум: Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон ҳукумат дар табъид ташкил диҳад
Хабаргузори “Тасним” – и Эрон навиштааст, ки “вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон низ тафҳим карда то умури сафоратро бо дипломати Толибон*якҷо ба пеш бибарад”.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар мақомоти марбутаи Тоҷикистон мавҷудияти ҳамчунин тавофуқотро таъйид ва такзиб намекунанд. Толибон*низ ҷое дар ин маврид суҳбат накардаанд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0