https://sputnik.tj/20241011/khazinai-opek-sokhtmoni-roghun-tojikiston-qarzi-1064682591.html
Хазинаи ОПЕК барои сохтмони НБО “Роғун” ба ҳукумати Тоҷикистон қарзи калон дод
Хазинаи ОПЕК барои сохтмони НБО “Роғун” ба ҳукумати Тоҷикистон қарзи калон дод
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон бо Хазинаи ОПЕК созишномаи қарзиро барои татбиқи лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба имзо расониданд
2024-10-11T15:19+0500
2024-10-11T15:19+0500
2024-10-11T18:08+0500
дар тоҷикистон
нбо "роғун"
қарзҳо
фонди опек
сохтмон
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_0:317:3076:2047_1920x0_80_0_0_74f09fc4a488df6dac44f28da75db51c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК Созишномаи қарзӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи сафари ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ба шаҳри Венаи Австрия дар қароргоҳи Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) маросими баимзорасонии марҳилаи аввали Созишномаи қарзӣ оид ба маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои татбиқи лоиҳаи "НБО Роғун" дар ҳаҷми 25 миллион доллар баргузор гардид.Қайд карда шудааст, ки созишномаро Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Президенти Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.Бояд гуфт, ки маблағи умумӣ аз ҷониби Хазинаи ОПЕК барои ин лоиҳа 100 миллион долларро ташкил намуда, тавассути 4 марҳила, дар доираи созишномаҳои алоҳида дар ҳаҷми 25 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа саҳм гузоштан ба амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии ҷумҳурӣ тавассути афзоиши истеҳсоли неруи барқ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва содироти он ба мамлакатҳои минтақа мебошад.Ҳукумати Тоҷикистон зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз буҷа ба сохтмони "Роғун" 3,5 млрд сомонӣ равона кардааст.Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, ҳоло гуфтушунидҳо барои ҷалби 1,2 млрд доллари хориҷӣ ба ин иншоот идома дорад.Таъкид мешавад, ки дар давоми солҳои 2008 – 2024 барои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ равона шудааст.Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар фаъолият мекунанд.
https://sputnik.tj/20241002/bonki-chini-sokhtmoni-nbo-roghun-mablaghguzori-1064556075.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_e55431f17e6284e2d7b22af692480a64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нбо роғун, созишнома, қарз, опек, вазорати молия
тоҷикистон, нбо роғун, созишнома, қарз, опек, вазорати молия
Хазинаи ОПЕК барои сохтмони НБО “Роғун” ба ҳукумати Тоҷикистон қарзи калон дод
15:19 11.10.2024 (Навсозишуда: 18:08 11.10.2024) Ҳукумати Тоҷикистон бо Хазинаи ОПЕК созишномаи қарзиро барои татбиқи лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК Созишномаи қарзӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи сафари ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ба шаҳри Венаи Австрия дар қароргоҳи Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) маросими баимзорасонии марҳилаи аввали Созишномаи қарзӣ оид ба маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои татбиқи лоиҳаи "НБО Роғун" дар ҳаҷми 25 миллион доллар баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки созишномаро Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Президенти Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.
Бояд гуфт, ки маблағи умумӣ аз ҷониби Хазинаи ОПЕК барои ин лоиҳа 100 миллион долларро ташкил намуда, тавассути 4 марҳила, дар доираи созишномаҳои алоҳида дар ҳаҷми 25 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа саҳм гузоштан ба амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии ҷумҳурӣ тавассути афзоиши истеҳсоли неруи барқ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва содироти он ба мамлакатҳои минтақа мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз буҷа ба сохтмони "Роғун" 3,5 млрд сомонӣ равона кардааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, ҳоло гуфтушунидҳо барои ҷалби 1,2 млрд доллари хориҷӣ ба ин иншоот идома дорад.
Таъкид мешавад, ки дар давоми солҳои 2008 – 2024 барои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ равона шудааст.
Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар фаъолият мекунанд.