https://sputnik.tj/20241107/sharhi-markazi-obuhavosanji-oludagii-havo-mintaqahoi-sugd-1065020864.html
Шарҳи Маркази обуҳавосанҷӣ дар бораи олудагии ҳаво дар минтақаҳои Суғд
Шарҳи Маркази обуҳавосанҷӣ дар бораи олудагии ҳаво дар минтақаҳои Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони Идораи обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зист зимни таҳқиқ дар дар чанде аз шаҳру навоҳии Суғд ифлосшавии ҳавои атмосфериро маълум намудаанд
2024-11-07T10:49+0500
2024-11-07T10:49+0500
2024-11-07T10:49+0500
дар тоҷикистон
суғд
обу ҳаво
олудагӣ
ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170040_0:4:1597:902_1920x0_80_0_0_de05519d816d4a051fc9299688b3c533.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Санҷишҳои ҳавои атмосферӣ ба таври сайёр дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон, Хуҷанду Истаравшан ва ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳристон гузаронида шудааст.Абдувалӣ Ҳомидов, сардори Идораи обуҳавосанҷии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, таҳқиқро гурӯҳи мутахассисони соҳа анҷом додаанд.Зимни таҳқиқ коршиносон сатҳи ифлосшавии ҳаво дар чанде аз минтақаҳои Суғдро ошкор намудаанд, ки яке онҳо минтақаи Деҳмой будааст.Коршиносони масоили муҳитзистӣ баландшавии нишондоди ифлосшавии ҳаворо аз ҳисоби ихроҷи моддаҳои заҳролудкунандаи воситаҳои нақлиёт, хориҷшавии гази карбон аз ҳисоби коргоҳҳои саноатӣ ва беназоратии партовгоҳҳо шарҳ додаанд.Дар пайи таҳқиқ масъулони Маркази ҳавосанҷӣ ошкор намудаанд, ки ҳаҷми моддаҳои ифлоскунанда дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд (525ppm) ва ҳаҷми заррачаҳои дақиқ PM2, 5 дар минтақаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов (191 МГ/М³) ва андозагирии радиатсионӣ дар чанде аз рустоҳои шаҳри Истаравшан ба 0,13 Мкзв/ч баландтар аст.Ҳадаф аз гузаронидани санҷишҳои сайёр маълумнавоии сатҳи ифлосшавии ҳаво ва чораандешии таъхирнопазири нисбат ба вазъ гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20241106/khf-ruzhoi-sardi-boroni-ehtiyotkor-boshed-1065002138.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170040_89:0:1509:1065_1920x0_80_0_0_ab37c0b5222bc6160df5debf5a8ad486.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, обу ҳаво, олудагӣ, кҳф, ифлосшавӣ
тоҷикистон, суғд, обу ҳаво, олудагӣ, кҳф, ифлосшавӣ
Шарҳи Маркази обуҳавосанҷӣ дар бораи олудагии ҳаво дар минтақаҳои Суғд
Масъулони Идораи обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зист зимни таҳқиқ дар дар чанде аз шаҳру навоҳии Суғд ифлосшавии ҳавои атмосфериро маълум намудаанд
ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Санҷишҳои ҳавои атмосферӣ ба таври сайёр дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон, Хуҷанду Истаравшан ва ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳристон гузаронида шудааст.
Абдувалӣ Ҳомидов, сардори Идораи обуҳавосанҷии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, таҳқиқро гурӯҳи мутахассисони соҳа анҷом додаанд.
Зимни таҳқиқ коршиносон сатҳи ифлосшавии ҳаво дар чанде аз минтақаҳои Суғдро ошкор намудаанд, ки яке онҳо минтақаи Деҳмой будааст.
“Нишондоди индекси сифати ҳаво (AQI ) аз 51 то 191 арзёбӣ карда мешавад, ки аз ҳама сатҳи баланди он дар якчанд минтақаҳои Суғд ба қайд гирифта шудааст. Чунин вазъ эҳтимол ба саломатии аҳоли таъсири манфӣ расонида метавонад” – омадааст, дар иттилоияи Маркази обуҳавосанҷӣ.
Коршиносони масоили муҳитзистӣ баландшавии нишондоди ифлосшавии ҳаворо аз ҳисоби ихроҷи моддаҳои заҳролудкунандаи воситаҳои нақлиёт, хориҷшавии гази карбон аз ҳисоби коргоҳҳои саноатӣ ва беназоратии партовгоҳҳо шарҳ додаанд.
Дар пайи таҳқиқ масъулони Маркази ҳавосанҷӣ ошкор намудаанд, ки ҳаҷми моддаҳои ифлоскунанда дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд (525ppm) ва ҳаҷми заррачаҳои дақиқ PM2, 5 дар минтақаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов (191 МГ/М³) ва андозагирии радиатсионӣ дар чанде аз рустоҳои шаҳри Истаравшан ба 0,13 Мкзв/ч баландтар аст.
Ҳадаф аз гузаронидани санҷишҳои сайёр маълумнавоии сатҳи ифлосшавии ҳаво ва чораандешии таъхирнопазири нисбат ба вазъ гуфта мешавад.