https://sputnik.tj/20241106/dar-kadom-kishvari-uzvii-iiao-narkhi-benzini-arzon-ast-1065017624.html
Дар кадом кишвари узвии ИИАО нархи бензини арзон аст?
Дар кадом кишвари узвии ИИАО нархи бензини арзон аст?
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи иктисодии АвруОсиё дар бораи болову поинравии нархи сӯзишворӣ дар кишварҳои узви ИИАО гузориш дод
2024-11-06T19:12+0500
2024-11-06T19:12+0500
2024-11-06T19:12+0500
ииао
нарх
бензин
сӯзишворӣ
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057285040_0:162:3066:1887_1920x0_80_0_0_90bfaa44885a1c3a4ea47216d8356020.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Комиссияи иктисодии АвруОсиё дар бораи нархи миёнаи бензин дар кишварҳои алоҳидаи ИИАО гузориш дод.Тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, дар моҳи сентябри соли равон арзиши бензин барои худравҳо дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба моҳи гузашта 0,8% боло рафтааст.Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2023 арзиши молҳо ва хидматҳо дар тӯли сол 4,7% афзоиш ёфт.Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2023, дар моҳи сентябри соли 2024 бештарин болоравии нархи бензин дар Қирғизистон (+6,5%) ва Русия (+5,4%) мушоҳида шудааст.Дар Ҷумҳурии Белорус нархи бензин дар давоми як сол 3,5 фоиз ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон 0,5 фоиз боло рафт.Дар Арманистон арзиши бензин дар сатҳи моҳи сентябри соли гузашта боқӣ мондааст.Мувофиқи маълумоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, дар моҳи сентябри соли 2024 нархи миёнаи бензин (барои як литр) чунин буд:Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
https://sputnik.tj/20241105/qarzi-khorijii-iiao-dar-nimsolai-avval-6-kohish-yoft-1064995186.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057285040_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_9a12a447ff3ce890d393d01023095eec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, бензин, сӯзишворӣ, нарх, арзон, авруосиё, иқтисод
ииао, бензин, сӯзишворӣ, нарх, арзон, авруосиё, иқтисод
Дар кадом кишвари узвии ИИАО нархи бензини арзон аст?
Комиссияи иктисодии АвруОсиё дар бораи болову поинравии нархи сӯзишворӣ дар кишварҳои узви ИИАО гузориш дод
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Комиссияи иктисодии АвруОсиё дар бораи нархи миёнаи бензин дар кишварҳои алоҳидаи ИИАО гузориш дод.
Тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, дар моҳи сентябри соли равон арзиши бензин барои худравҳо дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба моҳи гузашта 0,8% боло рафтааст.
Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2023 арзиши молҳо ва хидматҳо дар тӯли сол 4,7% афзоиш ёфт.
Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2023, дар моҳи сентябри соли 2024 бештарин болоравии нархи бензин дар Қирғизистон (+6,5%) ва Русия (+5,4%) мушоҳида шудааст.
Дар Ҷумҳурии Белорус нархи бензин дар давоми як сол 3,5 фоиз ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон 0,5 фоиз боло рафт.
Дар Арманистон арзиши бензин дар сатҳи моҳи сентябри соли гузашта боқӣ мондааст.
Мувофиқи маълумоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, дар моҳи сентябри соли 2024 нархи миёнаи бензин (барои як литр) чунин буд:
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.