Бекмуҳаммад: Сиёсати ИМА нисбат ба Осиёи Марказӣ дастхуши тағйироти хосе нахоҳад шуд

© Foto / Из архива Косими БекмухаммадаКосими Бекмухаммад, журналист, политолог. Архивное фото
Косими Бекмухаммад, журналист, политолог. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Коршинос мегӯяд, ки бо сабаби муноқишаҳо дар Украина ва бад будани вазъ дар Ховари Миёна роҳбарони ҷадиди Амрико ба Осиёи Марказӣ диққати камтар хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки дар сиёсати хориҷии Доналд Трамп ҳаллу фасли мунозиъаи байни Русия в Украина, даргириҳои низомии Исроил бо Фаластин, Лубнону Эрон ва инчунин муқобила бо нуфузи иқтисодӣ ва фанновариҳои пешрафтаи Чин дар авлавият қарор хоҳад дошт.
“Сиёсати ИМА нисбат ба Осиёи Марказӣ дастхуши тағйироти хосе нахоҳад шуд”, - гуфт коршинос.
Коршинос зикр кард, ки бештар чигунагии рӯйкарди раиси ҷумҳури нави ИМА дар баробари рақибони геополитикиаш, монанди Русия ва Чин, ки ҳамсояҳои наздик ва шарикони асосии иқтисодӣ ва тиҷории кишварҳои Осиёи марказӣ ҳастанд, ба минтақаи мо таъсир хоҳад гузошт.
“Манзур пеш аз ҳама коҳиш ё афзоиши сатҳи таҳримҳо нисбати Маскав ва Пекин аст, ки метавонад ба мизони гуногун ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ асар гузорад”, - афзуд коршиноси тоҷик.
Кандидат в президенты от Республиканской партии Дональд Трамп выступает на предвыборном митинге на арене Van Andel Arena во вторник, 5 ноября 2024 года, в Гранд-Рапидс, штат Мичиган. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2024
Интихоботи президентии ИМА: Трамп аз пирӯзии худ эълон кард – акс
Қосим Бекмуҳаммад ҳамчунин қайд кард, ки Осиёи Марказӣ бо вуҷуди манобеъи ғании энергетикӣ ва захираҳои маъдании ҳаётӣ ба сурати мустақим дар авлавияти сиёсати хориҷии ИМА қарор нагирифтаааст.
“Нигоҳи Вашингтон ба он ба унвони минтақаест, ки дар он тасаллути иқтисодии Русиву Чинро қабул надорад, аммо ҳамзамон омодаи иқдомоти бунёдине нест, ки қодир ба тағйири вазъият дар ин замина бошад”, - гуфт ӯ.
Коршинос илова кард, ки барои Тоҷикистон дар радифи чигунагии сиёсати хориҷии Доналд Трамп нисбат ба Русия ва Чин, инчунин рӯйкарди раиси ҷумҳури нави ИМА дар мавриди Афғонистон муҳим мебошад.
“То ҳадди зиёде субот ва амнияти Афғонистон ва таъсири он ба манотиқи перомунӣ ба он бастагӣ дорад, ки Доналд Трамп дар мавриди ояндаи Толибон* ва гурӯҳҳои сиёсии рақиби Кобули кунунӣ чӣ тасмиме мегирад. Зеро мумкин аст ҳам аз бақои Толибон* ва ҳам аз шиддат гирифтани ихтилофоти дарунтолибонӣ ё байни Толибон* ва рақибони сиёсии он ба унвони абзори фишори геополитикӣ ба Русия, Чин ва Эрон – се кишваре, ки барои мо муҳим ҳатанд, истифода шавад”, - афзуд Қосим Бекмуҳаммад.
Коршиноси масоили сиёсӣ таъкид кард, ки дар ин сурат таҳаввулоти Афғонистон ва ҳузури гурӯҳҳои мухталифи ифротиву террористӣ метавонад ворид марҳалаи дигаре шавад, ки ба нафъи суботу амнияти Тоҷикистон ва куллан минтақа нахоҳад буд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0