Коҳиши шумори муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои хориҷи наздик дар Русия

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкРейд по выявлению нелегальных мигрантов в Москве
Рейд по выявлению нелегальных мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2024
Обуна шудан
Тибқи омор, дар Русия дар нӯҳи моҳи соли 2024 шумораи патентҳо додашуда барои кор то 100 ҳазор камшуда 1,6 миллион ададро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Русия теъдоди патентҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора нашрияи "Известия" бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.
Ҳамин тариқ, дар 9 моҳи соли 2024 додани иҷозатномаи кор ба коргарони хориҷӣ аз 1,7 миллион то 1,6 миллион коҳиш ёфтааст.
Гап сари шаҳрвандони кишварҳое меравад, ки Русия бо онҳо низоми раводид надорад ба монанди Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон.
Дар ҳамин ҳол, теъдоди патентҳои корӣ ба муҳоҷироне, ки Русия бо кишварҳои онҳо низоми раводид дорад башиддат афзоиш ёфтааст.
Рабочие на строительной площадке нового конгрессно-выставочного комплекса Экспо на ВДНХ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2024
Душанбе бо Маскав дар мавзуъи назм додан ба муҳоҷират аз Тоҷикистон ҳамсӯ аст
Дар ин муддат ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 41% афзоиш ёфтааст. Шумораи умумии иҷозатномаҳо 120,2 ҳазор ададро ташкил дод.
Дар баробари ин мутахассисони баландихтисос 34,9 ҳазор ҳуҷҷат қабул карданд.
Ёдовар мешавем, ки иҷозати кор ба монанди патент ба шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолият дар қаламрави Русия дода мешавад.
Илова бар ин, барои ба кор қабул кардани чунин шаҳрванди хориҷӣ, ширкат бояд нахуст барои қабули кор иҷоза бигирад ва танҳо баъдан ба онҳо санад диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0