Генерали эронӣ гуфт, дар марз омилони интиҳорӣ аз Тоҷикистону Афғонистонро куштаанд

CC BY 4.0 / Tasnim News Agency / Sardar Mohammad PakpourМохаммад Пакпур, командующий Сухопутными силами КСИР
Мохаммад Пакпур, командующий Сухопутными силами КСИР  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2024
Обуна шудан
Фармондиҳи неруи заминии сипоҳи посдорон, хабари кушта шудан 18 нафар дар манотиқи марзии Сиистони Балуҷистонро таъйид кард
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Муҳамад Покпур Фармондиҳи неруи заминии сипоҳи посдорон гуфт, ин афрод шаҳрвандони Афғонистон ва Тоҷикистон буданд, ки дар "пӯшиши сӯхтбар" қасди анҷоми ҳамла интиҳорӣ дар Эронро доштанд.
Оқои Покпур гуфт, ин афрод дар "пушиш сӯхтбарон" аз марз убур мекарданд ва қасди "иқдоми террористӣ" дар Эронро доштанд.
Фармондиҳи неруи заминии сипоҳ посдорон гуфт, ки 18 шаҳрванди Тоҷикистон ва Афғонистон дар амалиётҳои неруҳои Ҷумҳурии исломӣ дар шаҳрҳои Роск, Чобаҳор ва Поруд кушта шуданд.
“Иттилоъ дақиқ дорем сервисҳои иттилоотии душман бо баргузории ҷаласоти мухталиф дар бархе кишварҳои минтақа, гурӯҳакҳои террористиро маъмури иқдом дар ҷиҳат бесуботсозии минтақа кардаанд”, - иддао кард оқои Покпур.
Ин мақоми сипоҳи посдорон таъкид кард, ки терруристҳо ба ҳеҷ ваҷҳ эронӣ нестанд ва бо ҷаъли мадорики эронӣ дар ҳоли иқдоми террористӣ алайҳи мардуми Эрон ҳастанд.
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2024
Содироти 108 миллиондолларии коло аз Эрон ба Тоҷикистон
Пештар хабаргузориҳои эронӣ гузориш дода буданд, ки танҳо дар 10 рӯзи аввали моҳи ҳамин сол, бар асари тирандозии мустақим, таъқибу гурези маъмурони низомии Эрон ва ҳаводиси ҷодае дар устони Сиистони Балуҷистон, 27 сӯхтбари балуҷӣ кушта ва 18 тани дигар захмӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран марзбонони Ҷумҳурии исломӣ ва толибон*, дар пайи тирандозии маъмурони эронӣ ба сӯхброни балуҷ дар марз ва кушта шудан як нафар, даргир шуданд.
Лентаи хабарҳо
0