https://sputnik.tj/20241104/putin-viloyati-kurski-rusiya-neruhoi-ukraini-ozod-mekunand-1064985742.html
Путин ваъда дод, ки вилояти Курски Русияро аз нерӯҳои украинӣ озод мекунанд
Путин ваъда дод, ки вилояти Курски Русияро аз нерӯҳои украинӣ озод мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки вилояти Курск аз нерӯҳои украинӣ пурра поксозӣ ва озод хоҳад шуд
2024-11-04T20:10+0500
2024-11-04T20:10+0500
2024-11-04T20:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
владимир путин
амалиёти вижа
неруҳои украинӣ
поксозӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064855165_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d53b79c7e187fcc08292843e438cfe39.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мутмаин аст, ки Русия вилояти Курскро аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина озод мекунад.Путин дар гуфтугӯ бо фаъолони маркази ҳарбию ватандӯстии "Вымпел"-и вилояти Курск, ки пас аз маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Минин ва Пожарский сурат гирифт гуфт, ки ҳоло минтақаро поксозӣ мекунем ва сипас ба кори шумо ниёз дорем.Фаъолон дар бораи фаъолияти худ ва намуди кӯмакҳои башардӯстонае, ки онҳо мерасонанд, баён доштанд.Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20241103/nizomi-tekhnika-elon-talafot-artish-ukraina-kurs-1064976810.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064855165_182:0:2913:2048_1920x0_80_0_0_a02c6edc6ddae7fbdcfb883b58e79acd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, курск, озод, нерӯҳои украинӣ, раисҷумҳур
русия, амалиёти вижа, курск, озод, нерӯҳои украинӣ, раисҷумҳур
Путин ваъда дод, ки вилояти Курски Русияро аз нерӯҳои украинӣ озод мекунанд
Раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки вилояти Курск аз нерӯҳои украинӣ пурра поксозӣ ва озод хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мутмаин аст, ки Русия вилояти Курскро аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина озод мекунад.
Путин дар гуфтугӯ бо фаъолони маркази ҳарбию ватандӯстии "Вымпел"-и вилояти Курск, ки пас аз маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Минин ва Пожарский сурат гирифт гуфт, ки ҳоло минтақаро поксозӣ мекунем ва сипас ба кори шумо ниёз дорем.
Фаъолон дар бораи фаъолияти худ ва намуди кӯмакҳои башардӯстонае, ки онҳо мерасонанд, баён доштанд.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.