Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Даҳҳо ҳазор низомиву техника: эълони талафоти артиши Украина дар Курск

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкБоевая работа расчета РСЗО "Ураган" ЦВО на Покровском направлении
Боевая работа расчета РСЗО Ураган ЦВО на Покровском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2024
Обуна шудан
Сар оғози набардҳо дар вилояти Курск артиши Украина талафоти бесобиқа дошта, теъдоди низомиёнаш, ки дар ин самт нобуд шуданд, ба ба 30 ҳазор наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Артиши Украина давоми як шабонарӯз дар самти Курск беш аз 150 нафар низомиро талаф додааст.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дода гуфтааст, ки ҳамчунин як мошини ҷангии пиёданизом ва як истгоҳи ҷанги электронӣ аз дигар талафоти душман буд.
"Дар давоми рӯз талафоти Нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 150 нафар низомиёнро ташкил дод, як мошини ҷангии пиёданизом, инчунин як истгоҳи ҷанги электронӣ ва панҷ мошин нобуд карда шуд", - омадааст дар гузориш.
Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 29250 сарбози худро аз даст доданд.
Илова бар ин Киев, 180 танк, 102 худрави ҷангии пиёданизом, 106 нафарбари зиреҳпӯш, 1063 зиреҳпӯш, 785 мошин, 255 тӯпхонаро талаф дод.
Илова бар ин душман дар ин самт, 40 системаи мушакӣ, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА, даҳ партоби системаҳои зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 7 мошини борбардор, 59 истгоҳи ҷанги электронӣ, 12 радари зидди батарея, 4 радари зиддиҳавоӣ, 25 адад техникаи муҳандисӣ, 13 мошини инженерию минатозакуниро аз даст дод.
Ҳамзамон Вазорати дифоъ хабар дод, ки ахиран нерӯҳои Русия дар ҶМД маҳалли аҳолинишини Вишневоеро зери назорат гирифтанд.
Зимни набардҳо артиши Украина бо қувваҳои "Марказ"-и Русия ба ҷуз аз таҷҳизоти низомӣ 500 низомиро аз даст додааст.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Дэниэл Мартиндейл во время пресс-конференции в Международном мультимедийном пресс-центре медиагруппы Россия сегодня в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мартиндейли амрикоӣ гуфт, ҷанг дар Украина кай ба охир мерасад
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0