https://sputnik.tj/20240726/sokhtmon-nbo-sebzor-pomir-enerji-dahho-million-evro-grant-1063673593.html
Барои сохтмони НБО "Себзор" ба "Помир Энерҷӣ" даҳҳо миллион евро грант доданд
Барои сохтмони НБО "Себзор" ба "Помир Энерҷӣ" даҳҳо миллион евро грант доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомот созишномаи иловагӣ оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа ба имзо расид
2024-07-26T13:11+0500
2024-07-26T13:11+0500
2024-07-26T13:11+0500
дар тоҷикистон
себзор
грант
нбо
энергетика
маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1a/1063673307_63:283:915:762_1920x0_80_0_0_5781b3217dcfa09a0094857cd3a1a21c.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ҶСК "Помир Энерҷӣ" Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО "Себзор" ба имзо расонида шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.Ахиран дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори генералии ҶСК "Помир Энерҷӣ" Амрихон Раимов тағйирот ба Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО "Себзор" ба имзо расонида шуд.Ба иттилои манбаъ, барои ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар бо шарикон ва кишварҳои мухталиф корбарӣ дорад.“Тибқи тағйирот ба Созишномаи иловагӣ оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа, ки байни Бонки Рушди Олмон (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ҶСК "Помир Энерҷӣ" ба имзо расидааст, дар маҷмуъ аз ҷониби бонки олмонӣ 44,4 млн. евро грант ҷудо мегардад”, - қайд кардааст манбаъ.Манбаъ қайд кардааст, ки неругоҳи барқи обии "Себзор" ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар — расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, энергияи сабз сохта шуда, он дар рушди иқтисоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон такони ҷиддӣ мебахшад.
себзор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1a/1063673307_56:239:900:872_1920x0_80_0_0_48a8b28872a89c0664bcaab75f374905.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергетика, нбо "себзор", "помир энерҷӣ", грант, маблағ
тоҷикистон, энергетика, нбо "себзор", "помир энерҷӣ", грант, маблағ
Барои сохтмони НБО "Себзор" ба "Помир Энерҷӣ" даҳҳо миллион евро грант доданд
Ба иттилои мақомот созишномаи иловагӣ оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ҶСК "Помир Энерҷӣ" Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО "Себзор" ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ахиран дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори генералии ҶСК "Помир Энерҷӣ" Амрихон Раимов тағйирот ба Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО "Себзор" ба имзо расонида шуд.
Ба иттилои манбаъ, барои ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар бо шарикон ва кишварҳои мухталиф корбарӣ дорад.
“Тибқи тағйирот ба Созишномаи иловагӣ оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа, ки байни Бонки Рушди Олмон (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ҶСК "Помир Энерҷӣ" ба имзо расидааст, дар маҷмуъ аз ҷониби бонки олмонӣ 44,4 млн. евро грант ҷудо мегардад”, - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки неругоҳи барқи обии "Себзор" ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар — расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, энергияи сабз сохта шуда, он дар рушди иқтисоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон такони ҷиддӣ мебахшад.