Дар Тоҷикистон маърака каму нақзи Қонуни танзим афзудааст

CC0 / unsplash / Пышное торжество. Иллюстративное фото
Пышное торжество. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар тайи нуҳ моҳ шумораи маърака нисбатан коҳиш ёфта, ошкоршавии қонуншиканиҳо афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи 9 моҳ 1142 маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим" нақз шудааст.
Дар ин бора Додгоҳи олии кишвар дар гузориши нуҳмоҳааш иттилоҳ дода гуфтааст, ки алайҳи қонуншиканҳо парвандаҳои маъмурӣ боз карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, чунин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 642 ҳолат зиёд мебошад.
Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида қариб 7,9 млн сомонӣ буда, аз ин миқдор ҳудуди 4,6 млн ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст.
Таъкид мешавад, ки дар шаҳри Душанбе қонуншиканиҳо бештар ҳангоми тӯйи домодию арӯсӣ, маросими ҳаҷ ва умра, маросими дафну азодорӣ ва вақти баргузории маърака ва давомнокии он нақз шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бошад, бештар дар таҷлили зодрӯз ва тӯйи домодию арӯсӣ қонуншиканӣ кардаанд.
Свадьба в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2024
Кумитаи дин дар як ҳафта 9 ҳолати қонуншикании танзимро ошкор кард
Сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бошад, ҳангоми тӯйи домодию арӯсӣ, маросими ҳаҷ ва умра, маросими дафну азодорӣ ба қонуншиканӣ роҳ додаанд.
Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд бошад, бештар ҳангоми таҷлили тӯю зодрӯ, маросимҳои дафну азодорӣ ва ҳаҷ Қонуни танзим риоя нашудааст.
Тавре дар Кумитаи дин, танзими анъана вадҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар нуҳ моҳи соли раовн шумораи маърака нисбатан коҳиш ёфта, ошкоршавии қонуншиканиҳо афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла, тӯйҳои домодиву арӯсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1736 адад, маросими чил 150 адад кам ва маросими сол 186 адад зиёд сабт шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд.
Он ба коҳиши хароҷоти молӣ ва теъдоди меҳмонон дар маросиму идҳо ва ба ин васила ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар равона шудааст.
Лентаи хабарҳо
0