https://sputnik.tj/20240925/kumitai-din-d-hafta-qonunshikaniro-oshkor-kard-1064477293.html
Кумитаи дин дар як ҳафта 9 ҳолати қонуншикании танзимро ошкор кард
Кумитаи дин дар як ҳафта 9 ҳолати қонуншикании танзимро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди зиёди ҷаримаҳо ва рейдҳои гузаронидаи мақомот баёнгари он аст, ки сарфи назар аз ситоиши мақомот, мардум ҳанӯз аз иҷрои қонуни танзим саркашӣ мекунанд
2024-09-25T15:43+0500
2024-09-25T15:43+0500
2024-09-25T18:09+0500
дар тоҷикистон
қонуншиканӣ
танзим
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/40/1029084067_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_642fd5aa00599e4cbc875c396ec0b9f9.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Аз 8 то 15 сентябри соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1500 муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба баргузории маъракаву маросим сабт шудааст.Дар ин бора Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ барои назорати талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби масъулони комиссияҳои доимӣ 663 рейд гузаронида шуда.Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи рейдҳо нӯҳ қонуншиканӣ ошкор гардидааст.“Ҳолатҳои мазкур аксаран бо риоя нагардидани талаботҳои моддаҳои 12 ва 18- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" сурат гирифтааст”, - қайд кардааст Кумитаи дин.Ҳамчунин ҳафтаи сипаригардида аз ҷониби кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон 4 ҳолати қонуншиканӣ ошкор карда шуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Кумитаи дин хабар дода буд, ки Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” зарфи шаш моҳ 877 маротиба нақз шудааст.Нақзи ин қонун дар кишвар як баробар бештар шудааст, зеро дар ҳамин давраи соли 2023 омор ба 419 ҳолат мерасид.Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи шаш моҳ 3176 маърака камтар нисбат ба соли қаблӣ доир шудааст.Раиси ин ниҳод гуфта буд, ки дар маҷмӯъ беш аз 12,2 ҳазор санҷиш гузаронида шуда, 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки аз ин теъдод вобаста ба 877 ҳолат ҷазо таъин гардида, 8 парванда қатъ карда шудааст.Тибқи маълумоти мазкур маблағи умумии ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти судӣ таъингардида беш аз 6 млн сомонро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор зиёда аз 3,1млн сомонӣ рӯёнида шудааст.
https://sputnik.tj/20240804/tojikiston-maraka-kam-naqz-qonun-tanzim-afzud-1063795388.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/40/1029084067_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_10ead8115dd2cbee245253a2ff186582.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумитаи дин, қонуншиканӣ, танзим, ошкор, саркашӣ
тоҷикистон, кумитаи дин, қонуншиканӣ, танзим, ошкор, саркашӣ
Кумитаи дин дар як ҳафта 9 ҳолати қонуншикании танзимро ошкор кард
15:43 25.09.2024 (Навсозишуда: 18:09 25.09.2024) Теъдоди зиёди ҷаримаҳо ва рейдҳои гузаронидаи мақомот баёнгари он аст, ки сарфи назар аз ситоиши мақомот, мардум ҳанӯз аз иҷрои қонуни танзим саркашӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Аз 8 то 15 сентябри соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1500 муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба баргузории маъракаву маросим сабт шудааст.
Дар ин бора Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ барои назорати талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби масъулони комиссияҳои доимӣ 663 рейд гузаронида шуда.
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи рейдҳо нӯҳ қонуншиканӣ ошкор гардидааст.
“Ҳолатҳои мазкур аксаран бо риоя нагардидани талаботҳои моддаҳои 12 ва 18- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" сурат гирифтааст”, - қайд кардааст Кумитаи дин.
Ҳамчунин ҳафтаи сипаригардида аз ҷониби кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон 4 ҳолати қонуншиканӣ ошкор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Кумитаи дин хабар дода буд, ки Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” зарфи шаш моҳ 877 маротиба нақз шудааст.
Нақзи ин қонун дар кишвар як баробар бештар шудааст, зеро дар ҳамин давраи соли 2023 омор ба 419 ҳолат мерасид.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи шаш моҳ 3176 маърака камтар нисбат ба соли қаблӣ доир шудааст.
Раиси ин ниҳод гуфта буд, ки дар маҷмӯъ беш аз 12,2 ҳазор санҷиш гузаронида шуда, 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки аз ин теъдод вобаста ба 877 ҳолат ҷазо таъин гардида, 8 парванда қатъ карда шудааст.
Тибқи маълумоти мазкур маблағи умумии ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти судӣ таъингардида беш аз 6 млн сомонро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор зиёда аз 3,1млн сомонӣ рӯёнида шудааст.