https://sputnik.tj/20241015/khatlon-ishtirokchiyoni-jangi-buzurgi-vatani-kumakpuli-1064714452.html
Мақомоти Хатлон гуфт ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ қадар кумакпулӣ расонида шуд
Мақомоти Хатлон гуфт ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ қадар кумакпулӣ расонида шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар баробари ҳукумати Тоҷикистон, соҳибкорон низ барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Хатлон кумакпулӣ расониданд
2024-10-15T10:41+0500
2024-10-15T10:41+0500
2024-10-15T12:39+0500
хатлон
дар тоҷикистон
ҷбв
кӯмакпулӣ
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056908653_0:130:3181:1919_1920x0_80_0_0_f7a3e3916d59f789c77bcfd59c8150a2.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба 41739 оилаи камбизоат ба маблағи 25,6 млн сомонӣ кумаки яквақтаина пардохт карда шудааст.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин иқдом аз ҷониби ҳукумат идома дорад.Мақомоти вилояти Хатлон қайд кардааст, ки дар арафаи таҷлили идҳои миллию сиёсӣ бо ҷалби мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша, иттиҳодияҳои динӣ ба маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимон, ниёзмандон, оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 68,9 миллион сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати аввали май дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд. Тоҷикистон тайи як соли охир боз 13 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бархе манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест."Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 10 куҳансарбоз, дар Суғд - 6, дар Душанбе - 3 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5 куҳансарбоз иқомат доранд", - иттилоъ дода буд Шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ.Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.
https://sputnik.tj/20240727/hajmi-nafaqai-kuhansarboz-jangi-buzurgi-vatani-khatlon-malum-1063681908.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056908653_225:0:2954:2047_1920x0_80_0_0_2a95f9009313c65fac71474df2d1de76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷанги бузурги ватанӣ, иштирокчӣ, кумакпулӣ, собиқадорон, хатлон
тоҷикистон, ҷанги бузурги ватанӣ, иштирокчӣ, кумакпулӣ, собиқадорон, хатлон
Мақомоти Хатлон гуфт ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ қадар кумакпулӣ расонида шуд
10:41 15.10.2024 (Навсозишуда: 12:39 15.10.2024) Дар баробари ҳукумати Тоҷикистон, соҳибкорон низ барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Хатлон кумакпулӣ расониданд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба 41739 оилаи камбизоат ба маблағи 25,6 млн сомонӣ кумаки яквақтаина пардохт карда шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом аз ҷониби ҳукумат идома дорад.
Мақомоти вилояти Хатлон қайд кардааст, ки дар арафаи таҷлили идҳои миллию сиёсӣ бо ҷалби мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша, иттиҳодияҳои динӣ ба маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимон, ниёзмандон, оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 68,9 миллион сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати аввали май дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд. Тоҷикистон тайи як соли охир боз 13 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бархе манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест.
"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 10 куҳансарбоз, дар Суғд - 6, дар Душанбе - 3 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5 куҳансарбоз иқомат доранд", - иттилоъ дода буд Шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.