https://sputnik.tj/20241026/dar-durdastarin-nohiyai-shimoli-tojikiston-markazi-omuzishii-rusiya-iftitoh-shud--video----1064872150.html
Дар дурдастарин ноҳияи шимоли Тоҷикистон маркази омӯзишии Русия боз шуд – видео
Дар дурдастарин ноҳияи шимоли Тоҷикистон маркази омӯзишии Русия боз шуд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Бо дастгирии Россотрудничество дар дурдасттарин минтақаи шимоли Тоҷикистон як муассисаи таълимӣ ифтитоҳ ёфт 26.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-26T18:38+0500
2024-10-26T18:38+0500
2024-10-26T18:39+0500
видео
дар тоҷикистон
суғд
маориф
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1a/1064871978_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_549d79d9dbdf22c92574697064d36ec4.jpg
Хонандагону омӯзгорони ноҳияи Ашти вилояти Суғд имкон доранд ба ин марказ омада ба таври ройгон донишу савод ва дараҷаи забондонии худро сайқал диҳанд Маркази таълимии Русия дар ноҳияи Ашт дар заминаи мактаби “Нури Раҳмон” аз ҷониби Россотрудничество ифтитоҳ гардид. Зимнан ин дуюмин Маркази омӯзишии Русия дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад. Русия дар мактабҳои Тоҷикистон чаҳор маркази таълимии изофӣ боз мекунадХабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ноҳияи Ашт рафт ва ҷараёни ифтитоҳи ин маркази омӯзиширо ба навор гирифт.Дар маросими фаолшавии ин марказ, консули генералии Русия дар Хуҷанд, Сергей Ланкин ва роҳбари Хонаи русӣ дар Хуҷанд, Татяна Мудрова ба ноҳияи Ашт сафар карданд. Татяна Мудрова гуфт, Ашт яке аз ноҳияҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим ва ҳаммарз бо кишвари Ӯзбекистон маҳсуб шуда дорои имкониятҳои фаровони илмию истеҳсолӣ мебошад. Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, хоса коллективи соҳаи маориф ифтитоҳи чунин як маркази омӯзиширо барои толибилмону омӯзгорон ҷиҳати аз бар намудани забони русӣ муҳим арзёбӣ карданд. Дар расми ифтитоҳи марказ иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар ноҳияи Ашт 75 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 34 ҳазор толибилм амал мекунад. Ин теъдод толибилмон ҳамроҳи устодони худ аз имкониятҳои Маркази омӯзишии Русия истифода баранд. Омӯзгорон, толибилмону волидон ҳама аз фаъолшавии чунин Маркази омӯзишии Русия дар ноҳияи Ашт – дурдастарин ноҳияи шимоли Тоҷикистон изҳори шодмонӣ мекарданд.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1a/1064871978_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_dcd086b3ab5a85e6b439238e89466fc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, дар тоҷикистон, суғд, маориф, забони русӣ, видео
видео, дар тоҷикистон, суғд, маориф, забони русӣ, видео
Дар дурдастарин ноҳияи шимоли Тоҷикистон маркази омӯзишии Русия боз шуд – видео
18:38 26.10.2024 (Навсозишуда: 18:39 26.10.2024) Бо дастгирии Россотрудничество дар дурдасттарин минтақаи шимоли Тоҷикистон як муассисаи таълимӣ ифтитоҳ ёфт
Хонандагону омӯзгорони ноҳияи Ашти вилояти Суғд имкон доранд ба ин марказ омада ба таври ройгон донишу савод ва дараҷаи забондонии худро сайқал диҳанд
Маркази таълимии Русия дар ноҳияи Ашт дар заминаи мактаби “Нури Раҳмон” аз ҷониби Россотрудничество ифтитоҳ гардид. Зимнан ин дуюмин Маркази омӯзишии Русия дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ноҳияи Ашт рафт ва ҷараёни ифтитоҳи ин маркази омӯзиширо ба навор гирифт.
Дар маросими фаолшавии ин марказ, консули генералии Русия дар Хуҷанд, Сергей Ланкин ва роҳбари Хонаи русӣ дар Хуҷанд, Татяна Мудрова ба ноҳияи Ашт сафар карданд.
Татяна Мудрова гуфт, Ашт яке аз ноҳияҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим ва ҳаммарз бо кишвари Ӯзбекистон маҳсуб шуда дорои имкониятҳои фаровони илмию истеҳсолӣ мебошад.
“Мо хеле хушнуд аз он ҳастем, ки ин дуюмин Маркази омӯзиши забон ва фарҳанги Русия дар ин ноҳия боз шуд. Ин марказ барои ҳама, хусусан ба онҳое, ки азми таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро доранд, имкониятҳои фаровони азхудкунии фарҳанг ва забони кишвари Русияро фароҳам меоварад” – таъкид кард мавсуф.
Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, хоса коллективи соҳаи маориф ифтитоҳи чунин як маркази омӯзиширо барои толибилмону омӯзгорон ҷиҳати аз бар намудани забони русӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Дар расми ифтитоҳи марказ иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар ноҳияи Ашт 75 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 34 ҳазор толибилм амал мекунад. Ин теъдод толибилмон ҳамроҳи устодони худ аз имкониятҳои Маркази омӯзишии Русия истифода баранд.
Омӯзгорон, толибилмону волидон ҳама аз фаъолшавии чунин Маркази омӯзишии Русия дар ноҳияи Ашт – дурдастарин ноҳияи шимоли Тоҷикистон изҳори шодмонӣ мекарданд.