https://sputnik.tj/20241031/yak-millat-hastem-uzrkhohii-hamidi-khurosoni-emomali-rahmon-1064924707.html
“Як миллат ҳастем”: узрхоҳии Ҳамиди Хуросонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон
“Як миллат ҳастем”: узрхоҳии Ҳамиди Хуросонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамид Хуросонӣ, фармондеҳи Толибон, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, узр хост
2024-10-31T09:34+0500
2024-10-31T09:34+0500
2024-10-31T13:28+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
фармондеҳ
раисҷумҳур
узрхоҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/15/1057276644_0:0:1162:654_1920x0_80_0_0_a9541c58d212b05e0610860a4472af47.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ин фармондеҳи тоҷиктабори Толибон* дар гузашта бар зидди Тоҷикистон “ҷиҳод” эълон карда буд.Бино ба як наворе, ки аз афроди Ҳамиди Хуросонӣ дар ихтиёри “Sputnik Тоҷикистон” қарор гирифт, фармондеҳи толиб* суханрониашро бо салому дуруд ба “мардуми бофарҳанги Тоҷикистон” шуруъ карда, мегӯяд, қаблан суханонеро дар мавриди Тоҷикистон ва шахси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури он кишвар гуфта буд, ки бар асоси иттилооти ғалат буд ва он замон шинохти дуруст аз мардум ва раисҷумҳури Тоҷикистон надошт.Ин фармондеҳи толиб* бо зикри номҳои Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Муслим, Имом Абуҳанифа, уламо ва шахсиятҳои бузурги исломӣ, ба шахсиятҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлонои Балхӣ ва Исмоили Сомонӣ мепардозад, ки на фақат дар миёни тоҷикон, балки тамоми Осиёву ҷаҳон ба сафаҳоти “таърихи заррин” ворид шудаанд.Ҳамиди Хуросонӣ зодаи вилояти Панҷшер ва як фармондеҳи ҷанҷолии Толибон* буда, дар гузашта мардуми Тоҷикистонро, ба ин хотир ки ҳукуматашон “сатру ҳиҷоб” – ро манъ кардааст, ба “ҷиҳод” даъват карда буд.Масъулини Тоҷикистон ба сароҳат эълом карданд, ки ҳадафашон манъи либосҳои бегона, аз ҷумла эрониву афғонӣ ва арабиву туркӣ, аст ва либоси миллии тоҷикӣ комилан ба меъёрҳои ҳиҷоби исломӣ ҷавобгӯ мебошад.Дар охири суҳбаташ Ҳамиди Хуросонӣ аз ҷавонони Тоҷикистон даъват мекунад, ки фиреби ҳалақоти муғриз, ҷинояткор ва рабте ба ислом ва мутолиаи дурусте аз ислом надорандро нахӯранд ва баргарданд ба хонаҳои худ.“Умедворам, ки паёми ман боиси сӯитафоҳум нашавад ва сари ман ягон ҷабру зулме сурат нагирифтааст, ки ин ҳарфҳоро бигӯям. Ҳақиқат ин аст, ки мо ҳақиқатро дарёфтем”, - мегӯяд фармондеҳи толиб*.Узрхоҳии Ҳамиди Хуросонӣ, фармондеҳи тоҷики Толибон*, дар ҳолест, ки расонаҳо аз ҷараёни гуфтугӯҳои мақомоти Тоҷикистон бо ҳаракати Толибон* дар Кобул хабар пахш карданд. Бино ба ин хабарҳо, Душанбе талош дорад бо Толибон* роҳҳои мусолиматомези расидани ба як сулҳи пойдор ва музокирот бо мухолифини онҳоро пайдо кунад.* - гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240910/tojikistonu-tolibon-hamsoyaro-intikhob-namekunand-1064267419.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/15/1057276644_255:0:1130:656_1920x0_80_0_0_14ebde105fb9975dc518fa6f8246a1a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, толибон, афғонистон, хуросонӣ, миллат, фармондеҳ, раисҷумҳур
тоҷикистон, толибон, афғонистон, хуросонӣ, миллат, фармондеҳ, раисҷумҳур
“Як миллат ҳастем”: узрхоҳии Ҳамиди Хуросонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон
09:34 31.10.2024 (Навсозишуда: 13:28 31.10.2024) Ҳамид Хуросонӣ, фармондеҳи Толибон*, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, узр хост.
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ин фармондеҳи тоҷиктабори Толибон* дар гузашта бар зидди Тоҷикистон “ҷиҳод” эълон карда буд.
Бино ба як наворе, ки аз афроди Ҳамиди Хуросонӣ дар ихтиёри “Sputnik Тоҷикистон” қарор гирифт, фармондеҳи толиб* суханрониашро бо салому дуруд ба “мардуми бофарҳанги Тоҷикистон” шуруъ карда, мегӯяд, қаблан суханонеро дар мавриди Тоҷикистон ва шахси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури он кишвар гуфта буд, ки бар асоси иттилооти ғалат буд ва он замон шинохти дуруст аз мардум ва раисҷумҳури Тоҷикистон надошт.
“Бар асари таҳқиқот ва иттилооте, ки мо дарёфт кардем, давлати Тоҷикистон як давлати исломӣ ва мардумаш мардуми мусулмон ҳастанд. Дар тӯли таърих тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон ифтихороте овардаанд, ки содиқона бигӯям, ҳеҷ қавми дигар надошт”, - мегӯяд Хуросонӣ.
Ин фармондеҳи толиб* бо зикри номҳои Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Муслим, Имом Абуҳанифа, уламо ва шахсиятҳои бузурги исломӣ, ба шахсиятҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлонои Балхӣ ва Исмоили Сомонӣ мепардозад, ки на фақат дар миёни тоҷикон, балки тамоми Осиёву ҷаҳон ба сафаҳоти “таърихи заррин” ворид шудаанд.
“Аз ин хотир, барои ҳар он чӣ ки дар гузашта гуфта будем, қалбан аз мардуми Тоҷикистон ва давлати муҳтарамашон пӯзиш мехоҳем. Мо як миллат ва соҳиби тамаддуни олӣ ҳастем”, - мегӯяд Ҳамиди Хуросонӣ.
Ҳамиди Хуросонӣ зодаи вилояти Панҷшер ва як фармондеҳи ҷанҷолии Толибон* буда, дар гузашта мардуми Тоҷикистонро, ба ин хотир ки ҳукуматашон “сатру ҳиҷоб” – ро манъ кардааст, ба “ҷиҳод” даъват карда буд.
Масъулини Тоҷикистон ба сароҳат эълом карданд, ки ҳадафашон манъи либосҳои бегона, аз ҷумла эрониву афғонӣ ва арабиву туркӣ, аст ва либоси миллии тоҷикӣ комилан ба меъёрҳои ҳиҷоби исломӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар охири суҳбаташ Ҳамиди Хуросонӣ аз ҷавонони Тоҷикистон даъват мекунад, ки фиреби ҳалақоти муғриз, ҷинояткор ва рабте ба ислом ва мутолиаи дурусте аз ислом надорандро нахӯранд ва баргарданд ба хонаҳои худ.
“Умедворам, ки паёми ман боиси сӯитафоҳум нашавад ва сари ман ягон ҷабру зулме сурат нагирифтааст, ки ин ҳарфҳоро бигӯям. Ҳақиқат ин аст, ки мо ҳақиқатро дарёфтем”, - мегӯяд фармондеҳи толиб*.
Узрхоҳии Ҳамиди Хуросонӣ, фармондеҳи тоҷики Толибон*, дар ҳолест, ки расонаҳо аз ҷараёни гуфтугӯҳои мақомоти Тоҷикистон бо ҳаракати Толибон* дар Кобул хабар пахш карданд. Бино ба ин хабарҳо, Душанбе талош дорад бо Толибон* роҳҳои мусолиматомези расидани ба як сулҳи пойдор ва музокирот бо мухолифини онҳоро пайдо кунад.
* - гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.