https://sputnik.tj/20241031/shabu-rejai-barqrasoni-rustohoi-sugd-mahdud-shudaast-1064926495.html
Шабу рӯз 6 соат: Реҷаи барқрасонӣ дар рустоҳои Суғд маҳдуд шудааст
Шабу рӯз 6 соат: Реҷаи барқрасонӣ дар рустоҳои Суғд маҳдуд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон аз коҳишёбии реҷаи барқрасонӣ шикоят доранд
2024-10-31T11:56+0500
2024-10-31T11:56+0500
2024-10-31T12:59+0500
дар тоҷикистон
барқ
лимит
суғд
барқрасонӣ
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1e/1064927669_0:0:2866:1612_1920x0_80_0_0_b6445ae743eab047121a5404486179cd.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Сокинони рустоҳои вилояти Суғд мегуянд, рӯзҳои охир бо сард шудани ҳарорати ҳаво, реҷаи барқрасонӣ ба хонаҳояшон маҳдудтар шудааст.Султон Ғафуров, як сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар ноҳияи Деваштич ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар муқоиса ба рӯзҳои пеш барқрасонӣ ба деҳаи онҳо дар шабонарӯз ба 6 соат кам карда шудааст.Сокинони дигар навоҳии Суғд дар бораи ба ин реҷа маҳдудшавии тақсимоти барқро тасдиқ намуданд.Дар ҳолест, ки то ду ҳафтаи пеш сокинони вилояти Суғд шабонарӯз то 10 соат, шом аз сотаи 18:00 то 23:00 ва субҳгоҳон аз соати 05:00 то 10:00 барқ мегирифтанд.Дар ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Истаравшан”, ки тақсимоти барқ ба аксар шаҳру навоҳии Суғд аз сӯи ин идора танзим мешавад ба таври расмӣ сабаби маҳдудшавии реҷаи барқрасониро то ҳол шарҳ надодаанд.Як манбаъ дар ин идора дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, реҷаи тақсимоти барқ аз суи бахши танзимгарии идораи марказии “Барқи тоҷик” муайян мешавад ва онҳо реҷаи тасдиқшудадаро нигоҳ медоранд.Ширкати “Барқи Тоҷик” ахиран аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии кишвар эълон кард, ки шурӯъ аз 22 сентябри соли ҷорӣ барқрасонӣ маҳдуд карда мешавад. Ин ниҳод ин вазъро ба вазъи боду ҳаво фасли сармо ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ шарҳ додааст.Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳҳои сентябр соли 2023 дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои интиқоли барқ оғоз ёфту дар моҳи марти соли ҷорӣ ин лимити барқ сартосарӣ шуд.Танҳо дар моҳи апрели соли гузашта “лимит” и барқрасонӣ дар Тоҷикистон лағв шуд.
https://sputnik.tj/20240922/limit-barq-tojikiston-elon-barqi-tojik-sharh--1064430775.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1e/1064927669_0:0:2234:1676_1920x0_80_0_0_13042a1870092ef73e2ee68f83265057.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барқрасонӣ, реҷаи, барқ, суғд, камбарқӣ, шикоят
тоҷикистон, барқрасонӣ, реҷаи, барқ, суғд, камбарқӣ, шикоят
Шабу рӯз 6 соат: Реҷаи барқрасонӣ дар рустоҳои Суғд маҳдуд шудааст
11:56 31.10.2024 (Навсозишуда: 12:59 31.10.2024) Сокинони навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон аз коҳишёбии реҷаи барқрасонӣ шикоят доранд
ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Сокинони рустоҳои вилояти Суғд мегуянд, рӯзҳои охир бо сард шудани ҳарорати ҳаво, реҷаи барқрасонӣ ба хонаҳояшон маҳдудтар шудааст.
Султон Ғафуров, як сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар ноҳияи Деваштич ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар муқоиса ба рӯзҳои пеш барқрасонӣ ба деҳаи онҳо дар шабонарӯз ба 6 соат кам карда шудааст.
“Як ҳафта ба ин тараф рӯзона аз соати 05:00 то 08:00 ва бегоҳ аз соати 18:00 то 21:00 барқ меояд, дигар вақт барқ нест” – иброз намуд, сокини ноҳияи Деваштич.
Сокинони дигар навоҳии Суғд дар бораи ба ин реҷа маҳдудшавии тақсимоти барқро тасдиқ намуданд.
Дар ҳолест, ки то ду ҳафтаи пеш сокинони вилояти Суғд шабонарӯз то 10 соат, шом аз сотаи 18:00 то 23:00 ва субҳгоҳон аз соати 05:00 то 10:00 барқ мегирифтанд.
Дар ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Истаравшан”, ки тақсимоти барқ ба аксар шаҳру навоҳии Суғд аз сӯи ин идора танзим мешавад ба таври расмӣ сабаби маҳдудшавии реҷаи барқрасониро то ҳол шарҳ надодаанд.
Як манбаъ дар ин идора дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, реҷаи тақсимоти барқ аз суи бахши танзимгарии идораи марказии “Барқи тоҷик” муайян мешавад ва онҳо реҷаи тасдиқшудадаро нигоҳ медоранд.
“Бо сард шудани ҳарорат талабот ба истифодаи нерӯи барқ зиёд мешавад ва ин ҳолат реҷаи барқрасониро мушкил мегардонад” – гуфт, манбаъ аз идораи тақсимоти барқ.
Ширкати “Барқи Тоҷик” ахиран аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии кишвар эълон кард, ки шурӯъ аз 22 сентябри соли ҷорӣ барқрасонӣ маҳдуд карда мешавад. Ин ниҳод ин вазъро ба вазъи боду ҳаво фасли сармо ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ шарҳ додааст.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳҳои сентябр соли 2023 дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои интиқоли барқ оғоз ёфту дар моҳи марти соли ҷорӣ ин лимити барқ сартосарӣ шуд.
Танҳо дар моҳи апрели соли гузашта “лимит” и барқрасонӣ дар Тоҷикистон лағв шуд.