Эрон ба Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ бо шароити осон содирот хоҳад кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаСтроительные материалы. Иллюстративное фото
Строительные материалы. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2024
Обуна шудан
Раиси утоқи бозаргонӣ, саноъат, маъдан ва кишоварзии Хуросони Шимолӣ ахиран дар бораи содироти масолеҳи сохтмонии ин вилояти Эрон ба Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Аббос Козимӣ, раиси утоқи бозаргонӣ, саноъат, маъдан ва кишоварзии Хуросони Шимолӣ сафари дурӯзаи ҳайъати тоҷирони тоҷик ба ин вилояти Эронро бисёр мусбат арзёбӣ кард.
Вай гуфт, ки масолеҳи сохтмонии вилоят имкони содирот ба ин кишвари форсизабонро дорад ва бояд шароит осон шавад.
Оқои Козимӣ, дар ҳошияи сафари ҳайъати тиҷирони Тоҷикистон аз иқтидорҳои саноатии шаҳри Ширвон гуфт, тоҷирони тоҷик аз имконият ва зарфиятҳои сармоягузории Хуросони Шимолӣ боздид ва аз рушди муровидоти иқтисоди истиқбол карданд.
Номбурда қайд кард, ки ҳайати Тоҷикистон зимни боздид аз воҳидҳои истеҳсолӣ ва саноатии вилоят аз мавҷудияти воҳидҳои истеҳсолии масолеҳи сохтмонӣ аз иқтидорҳои муҳими рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ёдовар шуда, эълон кард, ки қисмате аз ниёзҳои онҳо дар ин вилоят бароварда мешавад.
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Тоҷикистон мехоҳад аз Эрон бо тахфиф нафт бихарад
Козимӣ изҳор дошт, ки саноъати сохтмонӣ ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ дар ин вилоят барои тавсеъаи равобити тиҷорӣ бо Тоҷикистон як майдони муносиб аст ва ҳайат аз сифати маҳсулоти тавлиди мо дар ин замина изҳори қаноатмандӣ карда аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф Эронро шарики муҳимми Тоҷикистон дар минтақа хонд.
“Мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0