https://sputnik.tj/20241030/shirkati-behron-voridi-bozori-tojikiston-meshavad-1064917236.html
Ширкати “BEHRON”-и вориди бозори Тоҷикистон мешавад
Ширкати “BEHRON”-и вориди бозори Тоҷикистон мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бо ширкати “BEHRON”-и Эрон, ки ба истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул аст, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
2024-10-30T11:59+0500
2024-10-30T11:59+0500
2024-10-30T11:59+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
тиҷорат
равобит
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1d/1064909807_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_6085a42da6581351c4c2093fff474ac5.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Бохтар дар дидори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони ширкати “Behron”-и Эрон вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва Эрон баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Ҷонибҳо зимни дидор дар бораи роҳандозии ҳамкориҳои фаъол байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ҳавасмандӣ намуда, дар бораи амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.Раиси вилояти Хатлон дар мулоқот зикр кард, мақомоти вилоят ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба ҳавасманд мебошад.Ёдовар мешавем, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2024” байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Ширкати “BEHRON”-и Эрон, ки бо истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул аст, созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.Ширкати “BEHRON” 35 сол мешавад, ки ба истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул мебошад.Ба иттилои манбаъ, 75%-и бозори Эронро таъмин менамояд ва ҳамчунин, ширкат ба Арманистон, Русия, Туркия, Уммон, Ироқ ва Сурия низ маҳсулоташро содирот менамояд.
https://sputnik.tj/20241029/eron-tojikiston-masolehi-sokhtmoni-sodirot-1064900680.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1d/1064909807_153:0:964:608_1920x0_80_0_0_0c7960cd9373d09dd9858cde558b66de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, ширкат, созишнома хатлон, равобит, тиҷорат
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, ширкат, созишнома хатлон, равобит, тиҷорат
Ширкати “BEHRON”-и вориди бозори Тоҷикистон мешавад
Тоҷикистон бо ширкати “BEHRON”-и Эрон, ки ба истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул аст, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Бохтар дар дидори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони ширкати “Behron”-и Эрон вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва Эрон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ҷонибҳо зимни дидор дар бораи роҳандозии ҳамкориҳои фаъол байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ҳавасмандӣ намуда, дар бораи амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.
Раиси вилояти Хатлон дар мулоқот зикр кард, мақомоти вилоят ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба ҳавасманд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2024” байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Ширкати “BEHRON”-и Эрон, ки бо истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул аст, созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Ширкати “BEHRON” 35 сол мешавад, ки ба истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул мебошад.
Ба иттилои манбаъ, 75%-и бозори Эронро таъмин менамояд ва ҳамчунин, ширкат ба Арманистон, Русия, Туркия, Уммон, Ироқ ва Сурия низ маҳсулоташро содирот менамояд.