https://sputnik.tj/20241029/peshravii-artishi-rusiya-donbass-shahraki-selidovo-ozod-shud-1064913589.html
Пешравии артиши Русия дар Донбасс: Шаҳраки Селидово озод шуд
Пешравии артиши Русия дар Донбасс: Шаҳраки Селидово озод шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия ахиран расман хабар дод, ки артиши ин кишвар шаҳраки Селидово дар Ҷумҳурии Мардумии Донетскро пурра озод ва таҳти контрол гирифтааст
2024-10-29T19:37+0500
2024-10-29T19:37+0500
2024-10-29T19:37+0500
русия
артиш
артиши русия
амалиёти вижа
донбасс
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1d/1064910851_0:159:3072:1887_1920x0_80_0_0_1f8311e94c253ac5497602af8b2abb94.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Артиши Русия шаҳраки Селидоворо дар ҶМД, ки мавҷеъи стратегӣ дорад, таҳти назорат гирифтанд, иттилоъ додааст вазорати дифоъ."Дар натиҷаи амалиёти муваффақонаи воҳидҳо низомии гурӯҳи нерӯҳои марказӣ шаҳри Селидовои Ҷумҳурии Мардумии Донетск комилан озод карда шуд", - таъкид кардааст вазорат.Селидово шаҳрест, ки дар хати ҷабҳаи Селидово-Новогродовка-Гродовка ҷойгир аст, ки аз он роҳ ба дигар шаҳри муҳим Покровск барои нерӯҳои Русия боз мешавад. Илова бар ин, артиш имкон пайдо мекунад, ки аз пушти артиши Украина ҳамлаҳо анҷом диҳад.Нерӯҳои Русия бори аввал ин шаҳри дорои 24 ҳазор нафарро амалан муҳосира карданд.Қаблан рӯзи сешанбе маълум шуд, ки артиш боз се деҳаи дигардар ҶМД Катеринивка, Доброволье ва Горнякро озод кардааст. Аз ҷумла, як хати муҳими роҳи оҳан, ки аз он мегузарад ва цисми зиёди нерӯҳои Украина дар Донбассро таъмин мекард тащти контрол гирифтааст. Озод шудани Горняк ба саноати ангишти Украина зарари калон мерасонад.Шаҳри калидӣ барои Киев дар ҶМД Покровск (Красноармейск) мебошад. Ин як маркази муҳими таъминоти моддӣ мебошад, ки ба воситаи он нерӯҳо аз Запорожие интиқол дода мешаванд.
https://sputnik.tj/20241028/dar-viloyati-bryansk-4-zarkharidi-khoriji-nobud-karda-shudand-1064896445.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1d/1064910851_29:0:2760:2048_1920x0_80_0_0_d0e8b758be8e98f597182a676bc3beea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, артиши русия, амалиёти вижа, донбасс, селидово
тоҷикистон, артиши русия, амалиёти вижа, донбасс, селидово
Пешравии артиши Русия дар Донбасс: Шаҳраки Селидово озод шуд
Вазорати дифои Русия ахиран расман хабар дод, ки артиши ин кишвар шаҳраки Селидово дар Ҷумҳурии Мардумии Донетскро пурра озод ва таҳти контрол гирифтааст
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Артиши Русия шаҳраки Селидоворо дар ҶМД, ки мавҷеъи стратегӣ дорад, таҳти назорат гирифтанд, иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
"Дар натиҷаи амалиёти муваффақонаи воҳидҳо низомии гурӯҳи нерӯҳои марказӣ шаҳри Селидовои Ҷумҳурии Мардумии Донетск комилан озод карда шуд", - таъкид кардааст вазорат.
Селидово шаҳрест, ки дар хати ҷабҳаи Селидово-Новогродовка-Гродовка ҷойгир аст, ки аз он роҳ ба дигар шаҳри муҳим Покровск барои нерӯҳои Русия боз мешавад. Илова бар ин, артиш имкон пайдо мекунад, ки аз пушти артиши Украина ҳамлаҳо анҷом диҳад.
Нерӯҳои Русия бори аввал ин шаҳри дорои 24 ҳазор нафарро амалан муҳосира карданд.
Қаблан рӯзи сешанбе маълум шуд, ки артиш боз се деҳаи дигардар ҶМД Катеринивка, Доброволье ва Горнякро озод кардааст. Аз ҷумла, як хати муҳими роҳи оҳан, ки аз он мегузарад ва цисми зиёди нерӯҳои Украина дар Донбассро таъмин мекард тащти контрол гирифтааст. Озод шудани Горняк ба саноати ангишти Украина зарари калон мерасонад.
Шаҳри калидӣ барои Киев дар ҶМД Покровск (Красноармейск) мебошад. Ин як маркази муҳими таъминоти моддӣ мебошад, ки ба воситаи он нерӯҳо аз Запорожие интиқол дода мешаванд.