Дар вилояти Брянск 4 зархариди хориҷӣ нобуд карда шуданд

© Sputnik / Дмитрий МакеевБойцы спецназа ФСБ.
Бойцы спецназа ФСБ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2024
Обуна шудан
Амалиёти нобудкуниро кормандони Раёсати марзбонии Хадамоти бехатарии федеролӣ дар вилояти Брянск дар якҷоягӣ бо воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва Росгвардия анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Нерӯҳои амниятии Русия як гурӯҳи ҷангиёни хориҷиро, ки мехостанд ба вилояти Брянск ворид шаванд, нобуд карданд.
Дар ин бора маркази равобити ҷамъиятии ХБФ хабар додааст.
"Кӯшиши убури сарҳади давлатӣ <...> дар ноҳияи Климов пешгирӣ карда шуд. Дар натиҷаи задухӯрд чор ҷангҷӯён нест карда шуданд, ба боқимондаҳои гурӯҳи акибнишинӣ карда зарбаи мушакиву тӯпхонаӣ зада шуд", — гуфта мешавад дар хабар.
Аз зархаридони кушташуда аслиҳа, таҷҳизот ва воситаҳои алоқаи хориҷӣ ёфт шуданд. Илова бар ашёи шахсии кашфшудагон - парчами Канада, китоби дуо ба забони лаҳистонӣ, дафтар бо қайдҳо дар бораи омӯзиши тактикӣ ба забони англисӣ - мансубияти онҳо ба кишварҳои сеюмро нишон медиҳад.
Работа минометного расчета спецназа Ахмат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия минтақа Измайловкаро дар ҶМД озод кард
Дар тани яке аз зархаридони хориҷӣ нишонаи полки 75-уми рейнджерии полки иктишофию десантии қӯшунҳои хушкигарди артиши ИМА дарёфт гардид.
Амалиёти мазкурро кормандони Раёсати марзбонии Хадамоти бехатарии федеролӣ дар вилояти Брянск дар якҷоягӣ бо воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва Росгвардия анҷом доданд.
Лентаи хабарҳо
0