https://sputnik.tj/20241028/tolibon-zanonro-suhbat-zanoni-man-kardand--1064880227.html
Толибон* дар Афғонистон занонро аз сӯҳбат бо занони дигар манъ карданд
Толибон* дар Афғонистон занонро аз сӯҳбат бо занони дигар манъ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Толибон* дар Афғонистон дар баробари хушунатҳои беохир алайҳи занон, ин бор дастур додаанд, ки онҳо бо ҳам суҳбат накунанд
2024-10-28T10:47+0500
2024-10-28T10:47+0500
2024-10-28T11:19+0500
има
толибон
занон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1c/1064880784_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_60e2c700ea0afee229b740e40cd7534b.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Афғонистон ба занон суҳбат дар байни омма на танҳо бо мардон, балки бо занон низ манъ карда шуд.Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ дар такя ба як қарори вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати Толибон* Муҳаммадхолид Ҳанафӣ хабар медиҳанд.Ба асоси дастурот ба занони калонсол иҷозаи шунидани садои онҳо аз тарафи дигар занони болиғ манъ карда шудааст. Ҳамин тавр, занон бояд аз хондани Қуръон дар ҳузури занони дигар низ худдорӣ намоянд.Маврид ба зикр аст, ки ин мамнуъияти аввалин барои занон дар ин кишвари ҷангзада нест.Аз замони расидани гуруҳи Толибон ба қудрат, аз моҳи августи соли 2021, ба занон дар Афғонистон таҳсил, сафар кардан бе ҳамроҳии мард ва суҳбат дар назди мардум, бахусус бо мардон манъ гардида буд. Ба онҳо рафтан ба боғҳо, оббозӣ ва ба ягон намуди варзиш машғул шудан иҷозат дода намешавад. Толорҳои зебоӣ низ барои бонувон куллан манъ карда шуданд. Паноҳгоҳҳои занон баста шуданд ва қонун дар бораи хушунат бар зидди занон бекор карда шуд. Занонро аксар вақт барои “рафторҳои ғайриисломӣ”, ки ба ин “айбнома” ҳама чиз метавонад дохил шавад, дар назди омма латукӯб ва маҳбус мекунанд.Ин дарҳолест, ки аз гуруҳ тамоми созмонҳои байналмилал ва давлатҳо даъват мекунанд, ки ба ҳуқуқи занон эҳтиром гузошта шавад, аммо дар ин муддати ҳукмронии Толибон* дида мешавад, дар сатҳи расмӣ хушунат ба болотарин ҳад мерасад.*-Гуруҳ барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20240904/smm-sharti-shinosoii-hukumati-tolibonro-guft-1064193114.html
има
толибон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1c/1064880784_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8abea4028f0ba1f140642c7bb7eec16d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон* афғонистон занон сӯҳбат манъ
толибон* афғонистон занон сӯҳбат манъ
Толибон* дар Афғонистон занонро аз сӯҳбат бо занони дигар манъ карданд
10:47 28.10.2024 (Навсозишуда: 11:19 28.10.2024) Толибон* дар Афғонистон дар баробари хушунатҳои беохир алайҳи занон, ин бор дастур додаанд, ки онҳо бо ҳам суҳбат накунанд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Афғонистон ба занон суҳбат дар байни омма на танҳо бо мардон, балки бо занон низ манъ карда шуд.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ дар такя ба як қарори вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати Толибон* Муҳаммадхолид Ҳанафӣ хабар медиҳанд.
Ба асоси дастурот ба занони калонсол иҷозаи шунидани садои онҳо аз тарафи дигар занони болиғ манъ карда шудааст. Ҳамин тавр, занон бояд аз хондани Қуръон дар ҳузури занони дигар низ худдорӣ намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ин мамнуъияти аввалин барои занон дар ин кишвари ҷангзада нест.
Аз замони расидани гуруҳи Толибон ба қудрат, аз моҳи августи соли 2021, ба занон дар Афғонистон таҳсил, сафар кардан бе ҳамроҳии мард ва суҳбат дар назди мардум, бахусус бо мардон манъ гардида буд.
Ба онҳо рафтан ба боғҳо, оббозӣ ва ба ягон намуди варзиш машғул шудан иҷозат дода намешавад.
Толорҳои зебоӣ низ барои бонувон куллан манъ карда шуданд. Паноҳгоҳҳои занон баста шуданд ва қонун дар бораи хушунат бар зидди занон бекор карда шуд.
Занонро аксар вақт барои “рафторҳои ғайриисломӣ”, ки ба ин “айбнома” ҳама чиз метавонад дохил шавад, дар назди омма латукӯб ва маҳбус мекунанд.
Ин дарҳолест, ки аз гуруҳ тамоми созмонҳои байналмилал ва давлатҳо даъват мекунанд, ки ба ҳуқуқи занон эҳтиром гузошта шавад, аммо дар ин муддати ҳукмронии Толибон* дида мешавад, дар сатҳи расмӣ хушунат ба болотарин ҳад мерасад.
*-Гуруҳ барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад