Оркестри марказии низомии Вазорати дифои Русия дар Тоҷикистон консертҳо дод

Обуна шудан
Дастаи марказии низомии Вазорати дифои Русия дар чанд шаҳри Тоҷикистон бо барномаиҳи пурмуҳтаво дар сафари ҳунарӣ қарор дорад
Сокинони се шаҳри Тоҷикистон тавонистанд аз ҳунарнамоии яке аз маъруфтарин дастаҳои низомии ҷаҳон баҳравар шаванд.
Гуруҳи мусиқӣ, ки соли 1927 ташкил ёфтааст, гуруҳи овозадори низомӣ буда, он асарҳои классикӣ ва муосири мусиқии русро иҷро мекунад.
Сокинони Душанбе барномаи вижаеро, ки оркестри марказии низомии вазорати дифоъи Русия омода кардааст, шуниданд.
Сарбозони Русия дар Тоҷикистон ба аёдати нафақахӯрони танҳо рафтанд
Намоиш дар Театри опера ва балети ба номи Айнӣ баргузор шуд, аммо пеш аз он дар кӯча консерти махсуси парад баргузор шуд.
Навозандагон асарҳои ҳарбӣ ва асарҳои машҳури шӯроию русиро, ки кайҳо боз дар бисёр кишварҳо дустдошта шудаанд, иҷро карданд.
Барномаи консертии оркестри маъруфи низомӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак низ доир шуд, ки писанди бинандагон гардид.
Лентаи хабарҳо
0