https://sputnik.tj/20241002/sarbozoni-rusiya-tojikiston-ayodati-nafaqakhuroni-tanho-raftand-1064558693.html
Сарбозони Русия дар Тоҷикистон ба аёдати нафақахӯрони танҳо рафтанд
Сарбозони Русия дар Тоҷикистон ба аёдати нафақахӯрони танҳо рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Барои аксари пиронсолони танҳо, чунин вохӯриҳо муҳиманд, чунки онҳо бояд эҳсос кунанд, ки фаромуш нашудаанд ва танҳо нестанд ва ба онҳо кӯмак расонида мешавад
2024-10-02T14:31+0500
2024-10-02T14:31+0500
2024-10-02T14:57+0500
русия
дар тоҷикистон
пойгоҳи 201
низомиён
кӯмаки башардӯстона
пиронсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/01/1064553197_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_0d5e30a8f3088aac5e2fef8b1edf7f15.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, дар Рӯзи байналмилалии пиронсолон аз нафақахӯри танҳо аёдат карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия хабар додааст.Гуфта мешавад, ки нафақахӯронро на танҳо бо ид табрик карданд, балки ба онҳо бастаҳои кӯмакҳои башардӯстона низ тақдим карда шуд.Ба бастаҳои кумак махсулоти хурокаи зудвайроннашаванда, аз чумла биринҷ, макарон, консерваҳо, намак, орд ва қанд, баъзе доруҳо ва ғайра дохил шуданд."Сарбозон дар баробари расонидани кӯмак бо пиронсолон ҳамсӯҳбат шуда, аз аҳволи онҳо ва ниёзмандии онҳо бо хабар шуданд", - таъкид кард манбаъ.Манбаъ илова кард, ки барои бисёре аз пиронсолони танҳо, чунин вохӯриҳо "имкониятест, ки худро зарур ва муҳим ҳис кунанд ва онҳо бояд дарк кунанд, ки танҳо нестанд".Қаблан низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ба собиқадорони ҷанги Афғонистон кумак расониданд. Чорабинӣ дар заминаи созмони ҷамъиятии Тоҷикистон “Маъюбони ҷанги Афғонистон” сурат гирифт.Пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, яке бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аст. Пойгоҳ дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
https://sputnik.tj/20240928/rusiya-dushanbe-obida-qahramonon-jang-buzurg-vatani-barqaror-1064516645.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/01/1064553197_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_448daee277fd6536ba12a6080d5277d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, пойгоҳ, кумак, башардӯстона, пиронсолон
тоҷикистон, русия, пойгоҳ, кумак, башардӯстона, пиронсолон
Сарбозони Русия дар Тоҷикистон ба аёдати нафақахӯрони танҳо рафтанд
14:31 02.10.2024 (Навсозишуда: 14:57 02.10.2024) Барои аксари пиронсолони танҳо, чунин вохӯриҳо муҳиманд, чунки онҳо бояд эҳсос кунанд, ки фаромуш нашудаанд ва танҳо нестанд ва ба онҳо кӯмак расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, дар Рӯзи байналмилалии пиронсолон аз нафақахӯри танҳо аёдат карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки нафақахӯронро на танҳо бо ид табрик карданд, балки ба онҳо бастаҳои кӯмакҳои башардӯстона низ тақдим карда шуд.
Ба бастаҳои кумак махсулоти хурокаи зудвайроннашаванда, аз чумла биринҷ, макарон, консерваҳо, намак, орд ва қанд, баъзе доруҳо ва ғайра дохил шуданд.
"Сарбозон дар баробари расонидани кӯмак бо пиронсолон ҳамсӯҳбат шуда, аз аҳволи онҳо ва ниёзмандии онҳо бо хабар шуданд", - таъкид кард манбаъ.
Манбаъ илова кард, ки барои бисёре аз пиронсолони танҳо, чунин вохӯриҳо "имкониятест, ки худро зарур ва муҳим ҳис кунанд ва онҳо бояд дарк кунанд, ки танҳо нестанд".
Қаблан низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ба собиқадорони ҷанги Афғонистон кумак расониданд. Чорабинӣ дар заминаи созмони ҷамъиятии Тоҷикистон “Маъюбони ҷанги Афғонистон” сурат гирифт.
Пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, яке бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аст. Пойгоҳ дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.