Лавров вазъи Ховари Миёнаро арзёбӣ кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкИнтервью Сергея Лаврова радиостанциям Sputnik, "Комсомольская правда" и "Говорит Москва"
Интервью Сергея Лаврова радиостанциям Sputnik, Комсомольская правда и Говорит Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2024
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Русия умедвор аст, ки тамосҳои ба наздикӣ анҷомдодашуда барои ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна имкон намедиҳанд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Маскав бар ин бовар аст, ки бадтарин сенарияи пас аз ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ҳоло пешгирӣ шудааст ва Русия талошҳои худро барои ҷилавгирӣ аз авҷ гирифтани авзоъ дар Ховари Миёна идома медиҳад.
Дар ин бора вазири умури хориҷаи Русия дар пайи музокирот бо ҳамтои кувайтии худ Абдулло ал-Яҳё гуфт изҳор дошт.
"Дар ин марҳила, албатта, мо тавонистем аз бадтарин сенария канорагирӣ кунем, ҳадди ақалл, зеро эҳтимолияти он боқӣ мемонад",- гуфт Сергей Лавров.
Вай афзуд, ки "онҳое ҳастанд, ки мехоҳанд" низоъро гарм кунанд, то Иёлоти Муттаҳида ба он дахолат кунад.
“Аммо ман воқеан умедворам, ки тамосҳои ба наздикӣ анҷомдодашуда ба ин имкон намедиҳанд. Ҳадди ақал мо ҳама кори аз дастамон меомадаро мекунем, то авҷ гирифтани авзоъро боздорем ва бо ҳар роҳе ин вазъро рафъ созем", - таъкид кард вазир.
Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.
Командир военизированной Революционной гвардии Ирана генерал Хоссейн Салами. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2024
Раиси Сипоҳ ба Исроил гуфт, ҳамла ба Эрон пайомадҳои талх хоҳад дошт
Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии "замин ба ҳаво" ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.
Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.
Дар пайи ин ҳамалот ҳамзамон чаҳор низомии Эрон ҳалок шуданд.
Телавив иддао дорад, ки дар ин ҳамлаи тамоми иқтидори мудофиавии стратегии Ҷумҳурии Исломиро несту нобуд кардааст.
Лентаи хабарҳо
0