https://sputnik.tj/20241028/brao-guft-iqtisod-tojikiston-rushd-1064885403.html
БРАО гуфт, ки иқтисоди Тоҷикистон рушд кардааст
БРАО гуфт, ки иқтисоди Тоҷикистон рушд кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Бонки рушди АвруОсиё гуфтааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон ба шарофати динамикаи пурқуввати истеъмол ва содирот марбут аст
2024-10-28T13:11+0500
2024-10-28T13:11+0500
2024-10-28T13:58+0500
дар тоҷикистон
саноат
иқтисод
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Иқтисоди Тоҷикистон суръати мизони рушди худро тавсеъа мебахшад.Агар дар нимсолаи аввал он 8,2% зиёд шуда бошад, пас дар тирамоҳ ин рақам аллакай 8,4%-ро ташкил медиҳад.Дар ин бора Бонки рушди АвруОсиё дар гузориши ахираш хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, таваррум коҳишро идома медиҳад ва ҳоло дар муқоиса бо 3,6% дар моҳи август 3,1% -ро ташкил медиҳад. Тибқи гузориш муҳаррики иқтисодиёти Тоҷикистон минбаъд ҳам бахши кишоварзӣ, савдо ва саноат мебошанд.Ҳамин тариқ ба гузори Агентии омори кишвар дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 111,4 дарсадро ташкил додааст.Яъне ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат дар ин давра ба 52 млрду 280,5 млн сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 11,4 фоиз зиёд мебошад.Ҳамчунин дар ин муддат дар бахши саноати кишвар низ мизони рушди истеҳсол саб шудааст.Тибқи додаҳои Оҷонсии омор, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар ба маблағи 36,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қабл бо нархҳои муқоисавӣ 15,3% афзудааст.
https://sputnik.tj/20241027/khajm-istehsol-mahsulot-sanoat-tojikiston-afzud-1064875536.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
брао иқтисод тоҷикистон рушд
брао иқтисод тоҷикистон рушд
БРАО гуфт, ки иқтисоди Тоҷикистон рушд кардааст
13:11 28.10.2024 (Навсозишуда: 13:58 28.10.2024) Бонки рушди АвруОсиё гуфтааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон ба шарофати динамикаи пурқуввати истеъмол ва содирот марбут аст
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Иқтисоди Тоҷикистон суръати мизони рушди худро тавсеъа мебахшад.
Агар дар нимсолаи аввал он 8,2% зиёд шуда бошад, пас дар тирамоҳ ин рақам аллакай 8,4%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Бонки рушди АвруОсиё дар гузориши ахираш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, таваррум коҳишро идома медиҳад ва ҳоло дар муқоиса бо 3,6% дар моҳи август 3,1% -ро ташкил медиҳад.
Тибқи гузориш муҳаррики иқтисодиёти Тоҷикистон минбаъд ҳам бахши кишоварзӣ, савдо ва саноат мебошанд.
Ҳамин тариқ ба гузори Агентии омори кишвар дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 111,4 дарсадро ташкил додааст.
Яъне ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат дар ин давра ба 52 млрду 280,5 млн сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 11,4 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар ин муддат дар бахши саноати кишвар низ мизони рушди истеҳсол саб шудааст.
Тибқи додаҳои Оҷонсии омор, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар ба маблағи 36,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қабл бо нархҳои муқоисавӣ 15,3% афзудааст.